Зариф Мирдадо: Наврасону ҷавононро бояд дар руҳияи худшиносиву эҳтиром ба дастовардҳои замони Истиқлолият тарбия намоем.

 720 боздид

Ин нукта имрӯз, 15 май дар мулоқоти Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо бо падару модарони наврасон ва ҷавонони Ҷамоатҳои шаҳраки Шайдон, деҳоти Понғоз, Меҳробод, Шодоба ва Ашт, садо дод.

Дар вохӯрӣ Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, прокурори ноҳияи Ашт Сафарзода Баҳриддин Сафар, сардори ШВКД ҶТ дар ноҳияи Ашт Солизода Абдувоҳид, сардори шӯъбаи дар ноҳияи Ашт будаи КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд Аскар Ҳабибов, раисони ҷамоату шаҳраку деҳоти ноҳия, директорон, ҷонишинон ва равоншиносони  муассисаҳои таълимӣ, мудираҳои муассисаҳои томактабӣ, нозирони минтақавӣ ва падару модарон аз Ҷамоатҳои шаҳраки Шайдон, деҳоти Понғоз, Меҳробод, Шодоба ва Ашт иштирок доштанд.

Сафарзода Баҳриддин Сафар прокурори ноҳияи Ашт, аз вазъи ҷинояткорӣ ва қонуншиканиҳо дар ноҳия баромад намуда, аз он нигаронӣ намуд, ки дар ин самт ҷавонон низ бештар ба назар мерасанд.

-Дар ду мавсими даъват ба хизмати ҳарбӣ, соли сипаришуда аз тарафи прокуратураи ноҳия, нисабти чаҳор нафар даъватшаванда парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуд, ки аз ин як парванда ба суд ирсол карда шуда, аз ҷониби суд ҳукми айбдоркунӣ бароварда шуд, се нафари дигар дар кофтуков қарор доранд. Дар маъракаи даъвати баҳории имсола, нисбати ягон даъватшаванда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда нашудааст, фақат нисбати як даъватшаванда аз Ҷамоати деҳоти Ориён, ки пас аз гузаштан аз комиссияи тиббии даъватӣ, ба коммисариати ҳарбӣ ҳозир нашуда, ба Федератсияи Россия рафта буд, бинобар ихтиёрӣ баргашта омадан ва ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ сафарбар намудан ӯ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуд.

Солизода Абдувоҳид сардори ШВКД ҶТ дар ноҳияи Ашт, оид ба вазъияти ҷинояту ҷинояткорӣ дар ноҳия, баромад намуда, зикр дошт: “Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар давраи сипаригардидаи чор моҳи соли 2019 ҳамагӣ 123 адад ҷиноят ба қайд гирифта шуда, бо қиёс ба ҳамин давраи соли 2018 92 адад ҷиноят ба қайд гирифта шуда буд, назар ба соли сипаришуда, 31 адад ҷиноят зиёд ба қайд гирифта шудааст.

Аскар Ҳабибов сардори шӯъбаи дар ноҳияи Ашт будаи КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд, дар мавзуи “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстримизм ва терроризм барои 2016-2020” маърӯза намуда, қайд кард: “Таҳлили маводҳои мавҷуда аз он шаҳодат медиҳад, ки то ҳол вазъияти иҷтимоиву сиёсӣ дар самти мубориза алайҳи ҳамагуна зуҳуротҳои номатлуб аз ҷумла терроризм ва экстиримизм мураккаб боқӣ монда, ноҳияи Ашт яке аз минтақаҳои осебпазир ба ҳисоб меравад”.

-Маълумотҳои ташвишовари воридшуда, моро ҳушдор месозад, ки баҳри мубориза бо ин зуҳуроти нангини аср ҷаҳду талоши бештар намоем, зеро ҳар кори мушкил дар дастаҷамъи осон аст.

Зариф Мирдадо Раиси ноҳияи Ашт, зимни баромади худ, аз фаъолияти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва бахшҳои кор бо ҷомеаи ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия, оид ба сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани насли наврас, пешгирӣ намудани ҷавонон аз гаравиш ба ҳар гуна зуҳуроти номатлуб, пешгирӣ намудани ҷавонон аз ҳар гуна бемориҳои сирояткунанда натиҷагирӣ намуда, зикр дошт, ки вазифаи ҳар як падару модар ин пеш аз ҳама дуруст, поквиҷдон, соҳибкасбу соҳибмаърифат тарбия намудани фарзанд аст. Бояд  фарзандони худро чунон тарбия намоем, ки фахри хонадон бошад ва халқу Ватан манфиат расонида, аз худ чизе боқӣ гузошта тавонад.

-Мавҷудияти як силсила камбудиҳо дар самти кор бо хонандагони сустхон, ноқисии ҳавасмандгардонии омӯзгорони эҷодкор ва мутахассисони ҷавон, номураттабии ҳамкорӣ бо падару модарон ва ба талабот ҷавобгӯ набудани фаъолияти роҳбарони мактабҳо низ боиси нигаронист.

-Аз рӯйи маълумотҳои таҳлилӣ давоми 3 соли охир теъдоди гирифторони бемории ВНМО ва БПНМ дар Ҷамоатҳои шаҳраки Шайдон, деҳоти Понғоз, Ашт, Меҳробод ва Шодоба , беш аз 54 нафар ба қайд гирифта шуда, аз ин теъдод 16 нафарро занон ташкил медиҳанд.

-Дар самти тарбияи дурусти фарзандон, бедорсозии ҳисси далериву ғурури мардонагӣ, ватандӯстиву худогоҳӣ, бевосита саҳм ва кӯшиши падару модарон, омӯзгорон, аҳли ҷамоатчигӣ ва фаъолон вобастагӣ дорад. Дар ин ҷода, мо бояд дар кӯдакистонҳо истодагарӣ намуда, дар шуури кӯдакон ҳифзи марзу бум, арзишҳои миллӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро ҷой намоем, то дар оянда онҳо муҳофизи Ватан-Модари худ гарданд.

Дар ахир аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия барномаи фарҳангӣ пешниҳоди иштирокдорон гардонида шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.