Бо ташаббусҳои пайвастаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н. Ашт ва соҳибкорони маҳаллии ноҳия ободу зебо кардани хиёбонҳо, мавзеъҳои истироҳатӣ ва боғҳои фарҳангӣ фароғатӣ идома дорад. Ин иқдом дар доираи эълон кардани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор роҳандозӣ мешавад.
Чунин як иқдоми нек дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳия амалӣ карда шуд. Бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ба гӯшаҳои боғ мизҳои ҳозиразамон насб карда шуд. Ҳамзамон насби чароғҳои ороишӣ ба роҳрави боғ ба ҳусни он зебогии иловагӣ зам кардааст.
Ҳоло боғи фарҳангӣ фароғатии М. Воҳидов як манзараи зебо гаштааст. Бахусус шомгоҳон ин боғ ба як мавзеи дилрабои сайёҳӣ табдил меёбад. Марҳамат ба тамошои мавзеъҳи дилфиреби ноҳияи Ашт.
Хадамоти матбуотии Раиси н. Ашт