Њангомањои навбатї дар матлаби љамъбастии ифротї

 389 боздид

Дар пойгоњи хабарии ифротии Сайидюнус матлабе тањти унвони «Муҳимтарин рӯйдодҳои соли 2018 барои опозитсиони тоҷик» нашр гардид. Муаллиф дар љамъбасти соли гузашта чанд нуќтаназари худро дар робита бо тими мухолифини тољик, ки дар хориљ ба сар мебаранд, иброз доштааст. Дар ин кор њам, Сайидюнус аз “отифат”-и нањзатї истифода бурда, тамоюл ва часпоишашро ба њаракатњои ба ном оппозитсонї, ки дар мењварашон ҳамон гурӯҳи террористӣ ќарор дорад, ба намоиш мегузорад. Ў зањмат кашида, листи бурду муваффаќиятњои нањзатро дар соли њисоботї вараќгардон намуда, дар нуњ банд муваффаќиятњои ин ташкилаи мољарољўро арзёбї кардааст. Сайидюнус аз њангомањои навбатиаш дар матлаби љамъбастї хеле болидааст, зеро  ин “муваффаќиятњо” ба худи шахси ӯ њам мутааллиќанд. Ба ин “муваффаќият”-њо таваљљуњ намуда, чанд андешаи худро ироа медорем:

  1. Дар фазои расонаї ва маљозии мо муддатњост одати маъмулие њукмрон аст ва дар асоси он гурўњњо ва шахсони алоњида нафаре авомфиреб ё ба истилоњ, популистро њангома мекунанд ва аз ин тариќ иттилооти нав пахшу нашр менамоянд. Дар панљ-дањ соли ахир дар фазои маљозї ва расонаї чунин нафари популист роҳбари террористони наҳзатӣ мебошад, ки аз вай гурўњњои манфиатхоњ имиљи сиёсї ва иљтимої месозанд ва ўро доимо дар фазои маҷозӣ нигањ медоранд (албатта, барои саросар њазф нашудани исмаш аз сањифаи хотираи тарафдоронаш). Ростї, ин василаи хуби фазосозї ва ба таври сунъї сохтану нигањдошти нуфуз ва репутатсияи набуда мебошад.

Маълум аст, ки саркардаи наҳзатиҳо аз соли 2015 дар фењристи љустуљўйи Интерпол ва пайгарди байналмилалї ќарор дошт ва ба њамин наздикї хабари аз фењристи мазкур бардошта шудани номаш дар расонањо интишор ёфт.  Аввал ин ки вай чи дар рўйхати Интерпол бошад ва чи дар пайгарди байналмилалї ќарор надошта бошад, љинояткор мањсуб меёбад. Дигар ин ки дар љањони муосир, ки кашмакашњои ќудратї ва султахоњї дар ављанд, њар кор шуданаш мумкин аст. Вобаста ба ин, шомил шудан ба фењрист ва њазф шудан аз рўйхати љинояткорони Пулиси байналмилалї кори техникї ва замонист. Бо гузашти андак замоне фењристњо ва рўйхатњо таѓйир меёбанд ва њаќ ба њаќдор мерасад. Бинобар ин, њаводорони нањзатї набояд дилгарм бар он гарданд, ки роҳбари ҷинояткорашон аз фењристи Интерпол њазф шуд – тамом вассалом. Њаводиси баъдиро мунтазир бояд шуд чун кори љањон њамин аст.

     2. Рањбари нањзатї ва њаммаслаконаш дар Олмон бо бањонаи таљлили 21-солагии Созишномаи истиќрори сулњ ва ризоияти миллї ба ном Анљуман ташкил карда, дар доираи он созмони нави худ – Эътилофи неруњои мухолифи Тољикистонро таъсис ва эълом кард. Ин матлабро пардапўшона раҳбари ситоди баргузории «Ҳамоиши тоҷикистониён ба муносибати 21-умин солгарди имзои Созишномаи сулҳ” Муҳаммадсаид Ризоӣ арз дошта буд. Се соли ахир дар хориљи кишвар рањбари фирории ин гурӯҳи ҷинояткор ва гурўњњои дигари нањзатмаоб, ки ифтихормандона худро «неруњои оппозитсиюн ва озодандеши тољик» номида, шабакањои иљтимої ва сархатти матолиби расонањои мустаќил ва бавижа, сомонањои нањзатиро тањти њангомаю воњима ќарор медињанд ва аз ин тариќ миёни љомеа ва табаќоти мухталифи иљтимої љойгоњ ва нуфуз касб кардан мехоњанд. Аз рўзи фирор ба хориљ инҳо (аз њисоби муњољирини тољик, ки ба иллати даст доштан дар њаводиси дањшатбори сентябри соли 2015 ва соири љиноёт рахти муњољират барбастаанд), бо истифода аз пуштибонии сиёсї, идеологї, молиявї ва њуќуќии хољагони минтаќавї ва хориљї дар кишварњои урупої, бахусус Полшаву Олмон тазоњуроту таљаммуот доир карда, аз худ «озодандеш» метарошанд. Аз љониби доирањои сиёсї ва њуќуќии ѓарбї додани минбари сиёсї ва таблиѓї ба ашхосе, ки дар раддаи терроризм ва экстремизми динї-мазњабї ќарор гирифта, пинњонї алайњи низоми секулоризм ё ба истилоњ, дунявият мубориза мебаранд, ростї, боиси нанги демократияи  урупої аст.

Сомонањои таблиѓии нањзатї аз њузури 300 нафар ширкаткунанда дар Њамоиши Дормундї иттилоъ дода буданд, дар њоле ки дар ин љамъомади хешовандон ва њамшарикони бизнеси саркардаашон њамагї 60 нафар њузур пайдо карда буд. Аз ин лињоз, изњори назари ин гурўњи кучакро наметавон ба унвони Њамоиш нишон дод ва дар атрофи он њангомапароканї кард. Дар кори Њамоиши Дормундї, ки онро ба таври кинояомез метавон «љамъомади хонаводагї» унвон дод, зиёиёни дар хориљбуда Бахтиёр Аминї, Њафиз Бобоёр, Исфандиёр Назар ва амсоли инњо, бо он ки ба Њамоиш даъватї буданд, ширкат наварзиданд, вале дар 25-километрии Дормунд гирд омада, иттињоди худро шўхиомез «Боѓ» (ин исми гузоштаи шоир ва равшанфикри миллї Исфандиёри Назар аст) унвон кардаанд ва зери чатри нањзат нарафтани худро љасурона нишон доданд. Напайвастан ба ҳамоиши Дормундї ва эътирози љумлаи зиёиёни миллї маънои ба сифр баробар шудани талошњои фаровони нањзатиён дар чанд соли ахир љињати љалби љомеаи мадании хориљї ба хостњои онњост.

  1. Ростї, кори баъзе доирањои сиёсии ѓарбї ва созмонњои байналмилалии аврупої масхарабозие беш нест. Бубинед, ин гурўњњои сиёсї ва ба ном муњофизини њуќуќи инсон ба хотири бемории набераи саркардаи террористон — Њамза Тиллозода сару садо баланд карданд, аммо сарнавишти њазорон-њазор ва њатто миллионњо кўдаки бесарпаноњи сайёра, ки бар асари љангу даргирињои бемаънї дар њолати вахим ба сар мебаранд (ва дар шабонарўз њазорон нафар аз онњо љон мебозанд), хоби бароњати ин созмонњоро намепаронад. Бањсу мунозирањои гарме, ки дар расонањо ва дигар васоити ахбори оммаи мустаќил сари ин мавзўъ матрањ гардид, то чї андоза манфиатпараст будани гурўњњоро ба намоиш гузошт. Магар занону тифлони курд, ки њамарўза дар вазъи номусоиди иљтимої ва маишї ќарор доранд, созмонњои њуќуќи инсонро ба ташвиш намеоваранд ё ки барои онњо таќдири саркардаи наҳзатӣ ва хешони вай муњимтар аз њама аст?! Мо нисбат ба набераи саркардаи наҳзатӣ, ки тифли маъсум аст, њељ нафрат ва бадбинї надорем (Њукумат њам њељ гоњ бо тифлон ва он њам набераи рањбари нањзатї намељангад ва аз ин кор бурд њам намекунад), вале љойи нигаронї ин аст, ки чаро ба масъалањо яктарафа бањо дода мешавад ва манофеи сиёсї, геосиёсї ва иќтисодию молиявї дар љойи аввал аст? Манзурам наҳзат аст, ки баъзе доирањои ѓарбї аз он ба унвони абзори таъсиррасонї истифода мебаранд ва барномањои худро дар минтаќа пиёда менамоянд.
  2. Ќазияи Шабнам Худойдодова ва Њамза Тиллозода ба њам рабт доранд. Чанд муддат пештар дар мусоњибае дар ҳамин сомонаи ифротии Сайидюнус, Шабнам Худойдодова гуфта буд, ки тамоми љомеаи љањонї барои кўдаки ў – Фотима мубориза бурд. Бубинед, мушкил танњо кўдаки Шабнам ва набераи сарвари наҳзат асту бас. Дар дунё њазорон-њазор кўдак аз нарасидани оби ошомиданї, сатњи баланди зўроварї, ѓуломї, бадрафторї ранљ мебаранд, љойи зист надоранд, бесарпаноњанд. Чаро созмонњои байналмилалї ба ин масъала таваљљуњ намекунанду ба овардани кўдаки Шабнам ин ќадар пофишорї менамоянд? Посух яќин аст: Ин созмонњо ба нафароне кумак мекунанд, ки ба манфиати онњо кор мекунанд, вагарна чаро ба таќдири кўдакони дигар бетафовутї зоњир менамоянд? Ҳангомаи овардани духтари Шабнам ва набераи саркардаи наҳзатро њамаи расонањои дохилию хориљї интишор доданд ва њатто назди худ пурсишеро матрањ накарданд, ки чаро ба ќазияи миллионњо кудаки бесарпаноњи сайёра расидагї намешавад?
  3. Аљаб корњое дар дунё сурат мегиранд ва аксаран, ин навъи дар нохунак ибтикорот, бештар ба доираи нањзатиёни бурунмарзї тааллуќ мегирад. Њама корњо, мисли ин ки анљом ёфтаанд ва кор ба таъсиси созмони нав — Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон расид. Бубинед, Кумитаи нав њам ба ном фаъолони сиёсиро дар худ таљассум мекунад ва гўиё њуќуќи зиндониёни сиёсиро њимоят менамояд. Кадом зиндониёни сиёсї? Зиндониёне, ки ба тими нањзат тааллуќ мегиранд ва дигар зиндониён, аслан ба дарди нањзат ва доирањои ба он наздик намехўранд. Дигар ин ки муљриёни Кумитаи навтаъсис њам ба нањзат ва афкори нањзатї иртиботи бевосита ва бавосита доранд, аз ин лињоз, њар чї дар ин замина гуфта ва ё интишор меёбад, ба нафарони ба доирањои нањзат наздик тааллуќ мегирад. Кумитаи мазкур, ки сад дар сад мутмаинем, ки аз љониби доирањои махсуси хориљї сармоягузорї ва љонибдорї мешавад, тайи фаъолияти семоња дар баргузории пикету флешмобҳо ва тазоҳуротҳои густарда дар қариб 30 кишвари ҷаҳон сањм гирифтааст. Акнун доираи фаъолиятро таваљљуњ кунед: пикету флешмоб ва тазоњуроти ба истилоњ, густарда алайњи давлат ва Њукумати Тољикистон ташкил мекунад, исми ба ном зиндониёни сиёсиро фењрист ва љинояткоронро реклама мекунад, аз созмонњои байналмилалї кумакњои молию пулї ва пуштибонии сиёсї металабад ва саранљом дар Аврупо паёми бегуноњї пахш менамояд. Ин аст фаъолияти Кумитаи мазкур. Гузашта аз ин, Кумита маљалла таъсис дода, барои он ки худ ва њаммаслакони љинояткорашро дар хориљ реклама кунад, исми онњоро фењраствор зикр карда, ба ин восита бегуноњии нањзатро собит кардан мехоњад. Аз ин фурсат истифода бурда, дастандаркорони Кумита гуноњњои  набударо бар гардани Њукумати љумњурї зада, холи сиёсї мегиранд ва дар фазои иттилоотии аврупої яккатозї кардан мехоњанд. Дар њоле ки љомеаи шањрвандї ва мадании аврупої ба ин навъ кумитањо ва созмонњо, ки шуморашон њар рўз ба садњою њазорњо мерасад, аслан эътибор намедињад ва дар љараёни кори худ пайваста мекўшад. Аз ин љост, ки бо ташкили Кумитањо ва созмонњои гуногун шумори муътаризони муњољир намеафзояд, баръакс, њисоби анбўҳи нафароне, ки алайњи ба ном оппозитсияи тољик мешўранд, зиёд мешавад. Чун аксари кулли муњољирини тољики муќими Аврупо “лаззат”-и паноњ бурдан ба нањзатро медонанд ва аз ин ташкилаи бенуфуз парњез мекунанд.

6.Аввал ин ки афсари собиқи КДАМ Муҳаммадалӣ Расулов ҳаргиз Сноуден буда наметавонад. Меъёрњо ва параметрњои ихтисосї ва иктишофї дар ин маврид ба њам мувофиќ ва муносиб нестанд. Дигар ин ки дар дунё ин навъ њодисањо лак-лак сурат мегиранд ва будан ва ё набудани ин нафарон дар сафи кормандони амнияти миллї, ки ба давлат ва халќу ватан бетафовутанд, кори љиддиеро њал намекунад. Аз тарафи дигар, он чи ки Расулов аз тариќи навори видеої пахш кард, бемантиқ буда, баёнгари воќеият нест. Биёед, ба масъала мантиќї бархўрд кунем. Ќатли сарвари террористони наҳзатӣ ба Њукумат чї медињад? Њељ. Ба дунболи ин, рањбари нањзатї бо худии худ чї хатаре ба давлати миллї дошта метавонад? Нуфузи чашмгир ва ё мухлисони зиёде надорад, ки онњоро алайњи давлат савќ дињад. Нањзат аз љониби баъзе доирањои сиёсии минтаќавї ва ѓарбї мавриди истифода ќарор мегирад ва инаш, воќеан, љойи нигаронї дорад. Ин аст, ки давлат ва маќомоти марбута муваззафанд масъаларо љиддї бигиранд ва чорањои муассир андешанд. Масъулони наҳзатӣ созмони худро аз будаш зиёд нишон дода, њадс мезаданд, ки бо рафтани нањзат фазои Тољикистон маѓшуш мешавад. Аммо фазо хубтар ва оромтар шуд, балки худи нањзат дар маѓшушияти фазо сањим будааст. Оромиши куллї дар фазои Тољикистон баъди њазфи њизби нањзат аз листи ањзоби сиёсии Тољикистон имконпазир гардид. Бинобар ин, Расулов њар чї гуфт, ба виљдону имонаш њавола мекунем.

7.Нањзатиҳо њамеша аз приёми сиёсии иѓво истифода мебаранд, то Њукуматро дар чашми љомеаи љањонї бад муаррифї созанд. Дар нишасти соли 2018 дар Варшава (конфронси солонаи САЊА дар назар аст) ин навъ провокатсия аз тарафи неруњои нањзатї тарњрезї гардида, мавриди иљро ќарор дода шуд. Онҳо аз ќабл чунин равиши корро барномарезї намуда, масъулини њукуматиро ба њассос шудан водорониданд. Вале ин маънои онро надорад, ки Њукумат ба иѓвогарињои нањзатї дода мешавад. Хуб, чї коре шуд? Як-ду авбоши нањзатї, ки шиор медоданд, латукўб шуданд. Ин мазмуни кори давлат ва Њукуматро дар ќиболи нањзат дигар намекунад. Нањзат тими иѓвогар буду њаст ва дар Аврупо аз приёмњои нав ба нави иѓвогарии сиёсї кор мегирад.

8.Рањбари нањзатї баъди талошњои зиёд, бакорандозињои найрангњои сиёсию тиљорї созмонњои марбутаро дар мисоли роҳбарони се созмони мухолиф (дар асл ин созмонҳоро худашон таъсис додаанд)– ҳамоҳангсози Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Анҷумани озодандешони тоҷик ва Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо ба таъсис додани ба ном Паймони миллии Тољикистон водошт ва санаи 9 сентябри соли 2018 Эъломияи онро ба имзо расонда, хумори чандинсолаашро бишкаст. Аммо, ба иллати шинохтани симои воќеии рањбарияти нањзатї, ду созмони дигар – Анҷумани неруҳои созанда (Додоҷон Атовуллоев) ва “Гуруҳи 24” аз пайвастан ба Эътилоф ва ба ном Паймони миллї (ИНОТ-2) имтиноъ варзиданд. Ин маънои онро дорад, ки наҳзатиҳо миёни дигар гурўњњо ва созмонњои хориљї аз эътибори љиддї бархўрдор нестанд. Аз ин љост, ки эътилофи дуруғини онҳо муваффаќ нахоњад буд ва умри дарозе нахоњад дошт, чаро ки ба он њатто тарафдорони имрўзиаш њам эътимоди решаї ва бунёдї надоранд.

Њамин тариќ, таъсис ва ќабули Эъломияи ба ном Паймони миллии Тољикистон аз «иќдом»-и навбатии наҳзатиҳо  мањсуб меёбад. Љойи гила он аст, ки баъзе созмонњои хориҷӣ бештар атрофи худ гурўњњои тундрав, мољарољў, фурсатталаб, иѓвогар, дасисабоз ва хурофотии нањзатиро гирд оварда, ба афроди бењувият, худбохта ва авомфиреб минбару майдони сиёсї медињанд.

  1. Воќеан, санаи 10 декабри соли 2018 бо ибтикори ба ном Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон ҷамъомади террористони нањзатї дар назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Берлин баргузор шуд. Аммо аз ќабл маълум буд, ки муљриёни тарњи ин тазоњурот чї гуна ашхосро њамчун зиндонии сиёсї муаррифї месозанд ва озодии ононро таќозо менамоянд. Исми нафароне, ки ба унвони зиндонии сиёсї гирифта мешавад, аслан, ба масъала иртибот надоранд. Иртиботашон ба нањзат ва доирањои ба он наздик аст. Аз љониби дигар, банду зербандњое, ки номбаршудагони нањзатї зиндонї шудаанд, сиёсї нестанд. Аммо барои тобиши сиёсї додан ба масъала ва аз баъзе доирањои муайяни аврупої ва созмонњои байналмилалии ѓарбї пуштибонї ёфтан муљриёни барномањои  тазоњуротии нањзатї шиорњои сиёсї дармедињанд, то ќазияро  бештар љанбаи њангомавї бидињанд ва аз он басифати абзори  будубоши минбаъдаи худ дар Аврупо истифода намоянд. Нафарони мавриди назари мухолифин – Зайд Саидов, Муҳаммадалӣ Ҳаит ва Бузургмеҳр Ёров бар асоси љиноёте, ки муртакиб шудаанд, зиндонї шудаанд ва дар таркиби љиноёти онњо тобишњои сиёсї вуљуд надорад. Аслан, ин тоифа чї салоњияте дорад, ки назди Њукумат талаботи бепоя вомегузорад ва иљрои бечунучарои онњоро таќозо мекунад? Даќиќан, шумори зиёди муњољироне, ки ба тазоњурот аз њар кунљу канори Олмон тавассути дастгоњњои таблиѓии нањзатї даъват шудаанд, ба маъною муњтавои ин амали  нањзатї сарфањм нарафтанд ва танњо дар он ҷо  даст афшонданду халос.  Дар дохили тазоњургарон танњо чанд нафар нањзатї машѓули ба низом даровардани фаъолият буданд ва аз њар тараф намоишро коргардонї мекарданд. Ин бозии навбатии нањзатињост, ки чандин маротиба таљриба шуда, алњол натиљаи дилхоњ ба бор наовардааст.

Њукумати Љумњурии Тољикистон узви комилњуќуќи созишномаву ќарордодњои байналмилалї ва минтаќавї аст ва дар асоси талаботи ќавонини љойдошта ба ќазияњо расидагї мекунад ва ниёзе ба «мушовирон»-и берунї надорад. Илова бар ин, Љумњурии Тољикистон ба тамоми санад ва ќарордодњои минтаќавї ва байналмилалие, ки рўйи онњо имзо кардааст, арљ мегузорад. Албатта, дар њама кишвар мушкил вуљуд дорад ва доирањое њастанд, ки ба хотири бадном сохтани сохти давлатї ва маќомоти ќудратї «иќдом» мекунанд. Аммо чанд нафар авомфиреб ва фирорие  имрўз дам аз озодї ва демокросї мезананд, ки дар кулвори худ ба љуз риёву хурофот чизи дигаре надоранд. Суханони муљриёни барномаи тазоњуроти нањзатї ин нуктаро собит месозад, ки онњо, аслан парвои миллату халќ надоранд, барои онњо танњо манфиатњои шахсию гурўњї муњиманд ва барои амалї гардидани тарњи манофеъ аз њар воситаи машрўъ ва номашрўъе истифода мебаранд, то ба ањдофи худ бирасанд.

 

Фаридун Ориёї,

таҳлилгар

2 январи соли 2019

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.