Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси ифтихормандӣ ва руҳбаландии тамоми тоҷикистониён ва махсусан, сокинони меҳнатқарини ноҳияи Ашт аст, ки барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ сазовори нахустин мукофоти олӣ – “Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ” гардидед. Ба ин муносибат кулли сокинони ноҳияи Ашт Шуморо бо самимияти афзун муборакбод намуда, ба Шумо Ҷаноби Олӣ саломатии бардавому хушбахтӣ, волотарин таманниёти расидан ба азму ҳадафҳоятон ва ба Тоҷикистони азизамон рушду шукуфоии нав ба навро орзу менамоянд.