Бахшида ба таҷлили Рӯзи маъюбон ба 13 нафар сокини имконияташон маҳдуди ноҳияи Ашт аз тарафи раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ маводи ғизоӣ ва кӯмакпулии яквақтаина дар ҳаҷми 500 сомонӣ тақдим карда шуд.
Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо ва муовини раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ туҳфаҳои раиси вилоятро ба нафарони имконияташон маҳдуд тақдим намуданд.
Санаи 8-уми июл дар чойхонаи миллӣ ба сокинони имконияташон маҳдуди ноҳия аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт дастархони идона ороста шуда, аз тарафаи Бахши фарҳанги ноҳия барномаи консертӣ манзури ҳозирин карда шуд.