АШТ: ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ АЁДАТ КАРДА ШУДАНД

 495 боздид

Ду нафар иштирокчӣ ва маъюби Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки кунун дар Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт бо шукргузори аз субботи комили  кишвар зиндагиӣ доранд дар арафаи 9-май аёдат гардиданд. Ба Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ Қучқор Ҳоҷиматов (15.06.1926, д.Саро)  ва Абдуқодир Холматов (02.05.1925, д.Бободархон) кӯмаки яквақтаи Пешвои муаззами миллатро муовини Вазири тандурусти ва ҳифзи ичтимои аҳолӣ Ҷамшед Шодихон, кӯмакпулии Раиси вилоят, Раҷаббой Аҳмадзодаро сардори Раёсати тандурустӣ Муҳиддин Ҳайруллозода ва Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода кӯмакпулии яквақта дар вазъи тантанавӣ супориданд.  Дар вақти сӯҳбат меҳмонон аз заҳматҳои пайвастаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва хизматҳои шоёни онҳо дар майдони ҳарбу зарб ва муқовимати шадид алайҳи душман ёдовар шуданд. Гуфта шуд, ки Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанаи таҳти ғамхории бевоситаи Роҳбари давлат қарор доранд.Дар фарҷом Қӯчқор Ҳоҷиматов ва Абдуқодир Холматов бо шукргузорӣ аз оромиву ободии меҳан, сиёсати одилонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даст ба дуо бардоштанд ва аз таваҷҷуҳи воло мипатпазирии худро баён намуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.