АШТ: 80 СОЛАГИИ РӮЗНОМАНИГОР СУЛАЙМОНҚУЛ АЗИМӢ ТАҶЛИЛ ГАРДИД

 130 боздид

 

Имрӯз, 27.05.22 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт 80 солагии рӯзноманигор, ходими давлатию сиёсӣ, шоири маҳбуб Сулаймонқул Азимӣ баргузор гардид.

Дар он Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода суханронӣ намуда, мавсуфро таҳният хонд ва номаи шодбошии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро барои хизматҳои шоён ироа намуд ва тӯҳфаи хотиравӣ супорид.

Раиси ноҳия илова намуд, ки Сулаймонқул Азимӣ дар ҷодаи тарбияи насли ояндасоз хизмати шоён дорад ва роҳи умраш намунаи ибрат ба ҷавонон аст.

Баъдан Қурбонҷон Мирзоева котиби якуми ҳизби Комунисти дар вилояти Суғд аз номи ҳизбиёни вилоят табрик намуда, сипоснома тақдим кард. Юнусалӣ Сидиқов аз номи эҷодкорони рузномаи «Шуҳрати Ашт» ва иттифоқи журналистони ноҳия тӯҳфаи хотиравӣ ва сипоснома тақдим намуд. Гулбаҳор Маликзода, Зафар Аҳмад бо шеърҳои худ муборакбодӣ намуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.