ТАБРИКОТИ Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ба муносибати таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 375 боздид
             Ҳамдиёрони азиз!
       Боиси ифтихор аст, ки имрӯз дар саросари кишвар ду ҷашнвораҳои бузург — Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳам баробаранд, таҷлил гардида истодаанд.
Аз ин лиҳоз, ба ин муносибат кулли мардуми шарифи ноҳия, дар шахсияти Шумо тамоми мардуми Тоҷикистони азизамонро муборакбод менамоям.
         Ба ҳар яки Шумо саодати рӯзгор ва сарбаландиву сарфарозӣ таманно дорам. Дар ҳамин ҷода бояд қайд намоям, ки сабаби ба ин рӯз рост омадани чунин ҷашни фархунда дар он аст, ки маҳз дар рӯзҳои ҳамин Иҷлосияи таърихӣ, фарзанди фарзонаи халқи тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд.
         Пешвои муаззами миллати тоҷикон, фаъолияти худро нахуст бо шиори беҳтарини таърихӣ оғоз намудаанд:
         “Ман ба Шумо сулҳ меорам! Оташи ҷангро хомӯш месозам! То он даме, ки як нафар гурезаи маҷбурӣ дур аз Ватан бошад, худро ором намеҳисобам”.
Қаҳрамониву шуҷоат, мардонагӣ ва хидматҳои таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки сулҳу ваҳдати мо пойдору қавитар мегардад.
              Таҷлили “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маънои аҳамияти бузурги он дар ҳифзу тараққии давлатдории мо ва ҳамчунин, ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад.
          Ин аст, ки ин ҷашнвораҳои бузург ҷашни ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва ҷашни ҳар як сокини озоду осудаи Тоҷикистони азиз аст.
          Дар таҷлили ин рӯзҳо заҳматҳои бузурги шахсияти таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақши Иҷлосияи сарнавиштсоз дар таърихи навини давлатдорӣ дар роҳи наҷоти давлату миллат пеши рӯй меоянд.
          Боиси хурсандист, ки имсол мардуми сарбаланди кишварамон дар фазои сулҳу ваҳдат бо ҷонибдорӣ аз сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шукргузорӣ аз барқароршавии адолати таърихӣ ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол мегиранд.
           Бо итминони комил гуфта метавонем, ки мо аз сангинтарин имтиҳони таърих ва рӯзҳои сахттарини давлатдориамон гузашта, имрӯз ба сулҳу суботи комил расидем ва ин дастоварди нодири халқамонро чун гавҳари бебаҳо ҳифз мекунем.
          Пешвои муаззами миллат низ пайваста мардумро барои чун гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдории он роҳнамоӣ карда, истиқлолро тантанаи адолати таърихӣ ва идомаи силсилаи давлатдории чандин ҳазорсолаи ниёгонамон ва пайвастани он ба оини давлатдории навини миллиамон меноманд.
       Халқи Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат имрӯзҳо ҳадафи бузург – бунёди давлати соҳибистиқлол, аз лиҳози сиёсӣ мустаҳкам, дунявӣ ва демократиро, ки дар он некӯаҳволӣ ва ҳуқуқҳои иҷтимоии мардум таъмин аст, сарбаландона амалӣ менамояд.
Пешвои миллат воқеан, асосгузори давлати нави соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошанд, зеро пояҳои давлати миллиро таҳким бахшида, кишвари моро бо давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон пайвастанд.
      Мо мардуми шарафманди тоҷик пеш аз чунин Пешвою раҳнамо, ҳидоятгари сулҳофарин ва Асосгузори воқеии Тоҷикистони мустақил ифтихор дорем.
Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ба хотири имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз ва ҳузури мубораки чунин раҳнамои арзандаи меросбари Оли Сомон ва ҳидоятгар ба сӯи ормонҳои наҷиби ватандорӣ шукргузорӣ намоем.
           Боиси саодатмандии мост, ки дар ин рӯзҳои таърихӣ Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуда истодаем.
           Бори дигар ҳамаи Шумоёнро ба ин санаи фархунда муборакбод намуда, итминони комил дорам, ки мардуми ноҳия минбаъд низ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ободии диёр саҳми назарраси худро мегузоранд.
         Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!
Тоҷикистон ба пеш, бо Пешвои муаззами миллат!

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.