АШТ: ШӮҲРАТ МУҲАММАДЗОДА ДАР МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ СОБИҚАДОРОН ИШТИРОК НАМУД.

 275 боздид

07.02.2023
 
      Имрӯз, дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси ҷамъбастии собиқадорон баргузор гардид, ки дар он Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода иштирок намуд.
 
       Дар ҷамъомад муовинон ва роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, ходимони соҳаи маориф, фаъолзанон, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳия ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.
 
        Дар оғоз, ба хотири пос доштани хотираи неки якчанд нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, заҳматкашони ақибгоҳ, собиқадорони меҳнат, ҷанговарони байналмиллал, ки дар соли 2022 вафот карданд , лаҳзаи хомӯшӣ нигоҳ дошта шуд.
 
       Сипас, Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Ашт Зафар Мамадҷонов вобаста ба фаъолияти солонаи Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ноҳия баромад намуда, оид ба ба ғамхориҳои пайвастаи давлату ҳукумат изҳори сипос намуд.
 
       Дар идома роҳбари ноҳия баромад намуда, иброз дошт, ки ҳамеша Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста барои фароҳам овардани шароити мусоиди зист ва додани имкониятҳои нав тадбирҳои пайваста меандешад.
 
      Инчунин аз ҷониби роҳбарияти ноҳия баён карда шуд, ки мо доимо барои кӯмаки собиқадорон эҳтиёҷ дорем. Ба масъулин дастур дода шуд, ки нисбати собиқадорон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, ба ҳама чорабиниҳо даъват карда шаванд.
 
       Дар идома як қатор собиқадорон баромад намуда, барои таваҷҷӯҳи воло ва ғамхории пайваста ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода изҳори сипос намуданд.
         Сипас, намояндаи Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати вилояти Суғд-Шавкат Алиев баромад намуд.
 
Дар анҷом якчанд собиқадорон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
 
                                                                                Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия
 
 
 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.