АШТ: РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК ТАҶЛИЛ ГАРДИД.

 265 боздид

10.03.2023

Санаи 10-уми марти соли равон ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик дар ноҳияи Ашт ҷамъомади тантанавӣ ва қадрдонии як қатор кормандони васоити ахбори оммаи ноҳия баргузор гардид.

Дар ҷамъомад Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода , намояндаи мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Темур Туйчизода, собиқадорони соҳаи матбуот, намояндагони васоити ахбори омма, рӯзноманигорони ҷавон ва зиёиён ширкат варзиданд.

Дар оғоз Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода намояндагони воситаҳои ахбори омма ва собиқадорони матбуотро ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик – иди касбии рӯзноманигорони мамлакат таҳният намуда, зикр дошт:

“Ҳамасола 11-уми март дар қаламрави кишвар Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тамоми матбуотчиён ва кормандони васоити ахбори оммаро табрик намуда, сарбаландиву хонаободӣ ва комёбиҳои беназири эҷодиро таманно дорем.

Нахустин рӯзнома бо забони тоҷикӣ 11-уми марти соли 1912 дар шаҳри Бухоро бо номи “Бухорои шариф” аз чоп баромада, таърихи пурифтихори матбуоти тоҷикро оғоз бахшид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаю машварат доир ба фаъолияти матбуот ва воситаҳои дигари ахбори омма таваҷҷуҳ зоҳир намуда, вазифаҳои онҳоро вобаста ба талаботи айём таъкид мекунанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо намояндагони матбуоти даврӣ ҳамкории самаранок дошта, барои пешбурди фаъолияти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ҳамеша аз минбари воситаҳои ахбори омма истифода менамояд.

Бо ин ниятҳои нек тамоми аҳли эҷод, кормандони матбуоти ноҳияро бори дигар табрик гуфта, қалами тез, забони бурро, саломативу саодати рӯзгор ва парвози баланду илҳоми эҷодиро таманно дорем.”

Дар ин замина роҳбари ноҳия таъкид гардид, ки Муассисаи давлатии рӯзномаи ноҳиявии “Шӯҳрати Ашт”ва радиоҳои маҳалли “Диёр-Суғд”дар инъикоси ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ноҳия саҳми арзанда доранд. Кормандони соҳаи матбуот бо дарки маъсулияти баланди касбӣ баҳри инъикоси ободиву созандагӣ, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона рисолати хешро дар назди халқу давлат сарбаландона адо намуда истодаанд.

Дар фарҷом як қатор собиқадорони матбуот ва рӯзноманигорони фаъол бо Сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва қадрдонӣ карда шуданд. Дар идома Шӯҳрат Муҳаммадзода ба як қатор собиқадорони соҳаи матбуот туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Дар охир аз ҷониби собиқадори меҳнат барои таваҷҷӯҳи воло ба Пешвои муаззами миллат ва роҳбарияти вилояту ноҳия изҳори сипос гардид.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.