АШТ: МУЛОҚОТИ РАИСИ НОҲИЯ БО НАМОЯНДАГОНИ АҲЛИ ҶОМЕА ВА РОҲБАРОНИ ГУРӮҲҲОИ ТАРҒИБОТӢ.

 167 боздид

02.08.2024

Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода бо  намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, роҳбарони гурӯҳҳои тағиботи дар шабакаҳои иҷтимоӣ, раисони кумитаи маҳаллаҳо, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, соҳибкорон ва ходимони дин мулоқот анҷом дод.

Роҳбари ноҳия восбата ба хизматҳои бузурги роҳбари давлат дар ободу зебо гардонидани Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфт. Баён гардид, ки зери сиёсати одилона ва оқилонаи Пешвои муаззами миллат ноҳияи Ашт ба макони ободу зебо мубаддал мегардад. Танҳо дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ бо саҳмгузории сокинони бонангу номуси ноҳия беш аз 60 километр роҳҳо мумфарш карда шуд.

Сипас, вобаста ба корҳои анҷомдодашуда ва роҳсозӣ филми мустанади кӯтоҳ манзури иштирокдорон гардид.

Раиси ноҳия такид кард, ки мо бояд дар амалӣ намудани арзишҳои миллӣ худ ҳамеша манфиати мардум худро дар мадди назар дошта, ба қадри соҳибистиқлолии давлатамон бирасем ва ин неъмати бебаҳоро ҳамчун гавҳараки чашм нигаҳбонӣ намуда, шукронаи онро ба ҷо орем.
Бо назардошти хизматҳои шоён дар ободу зебо намудани диёр як қатор роҳбарони гуруҳҳои тарғиботи ва ташвиқотӣ, ки дар шабакаи иҷтимоӣ мардумро сарҷамъ намуда, барои ободсозии роҳ ҳидоят намуданд, бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар вазъи тантанавӣ қадрдонӣ кардид.

Дар идома роҳбари ноҳия зикр дошт: “Бо талошҳои пайвастаи мардуми ба ору номуси ноҳия дохили кучаҳо мумфар шудаистодааст. Мардуми шарафманди ноҳия, аз ҷумла сокинони сокинони саховатпеша барои обод намудани диёри хеш зери сиёсати одилонаву оқилонаи Пешвои миллат дар ҳама маврид саъйу ҷаҳд менамоянд. Шукрона мекунем, ки дар ватани ором, ободу озод зиндагӣ дорем. Бо дастгирии  Пешвот муаззами миллат  роҳи Ашт-Хуҷанд азнавсозӣ мегардад. То он дам мо бояд роҳи мазкурро таъмир кунем.”

Сипас, аз номи роҳбари ҶММД “Рахшона” Мамдҷонов Манзуралӣ 50 ҳазор сомонӣ ташаббус карда шуд ва дигар соҳибкорон ташаббуси роҳбари ноҳияро дастгири намудан. Дар умум наздик 1 миллион сомонӣ маблағи интизорӣ ҷамоварӣ карда шуд ва рӯзҳои наздик таъмири роҳ оғоз мегардад.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.