25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ашт

 661 боздид

Бахшида ба 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт бо иштироки, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, чорабинии идона баргузор гардид.

Дар ҷараёни таҷлили Рӯзи Конститутсия муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, муовинони Раиси ноҳия, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, раисони ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия, фаъолон иштирок доштанд.

Муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, табрикоти Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонида зикр дошт, “Конститутсияи Тоҷикистон таҷассуми давлату давлатдории миллии мардуми куҳанбунёди тоҷик буда, бо назардошти олитарин арзишҳои умумибашарӣ таҳия гардидааст, бинобар ин, аз ҷониби коршиносон яке аз беҳтарин конститутсияҳои олам эътироф шудааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи  авҷи нооромиҳои даҳаи асри 20-ум, айни бархӯрди тамаддунҳои кишварҳо,низоъҳои берунаву дохила байни тамоми давлатҳои ҷаҳон Тоҷикистони маҳбубамонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ ва дунявӣ, муаррифӣ намуда, маҳз бо шарофати сарнавиштсозаш олитарин дастовардро бо номи Истиқлолият тавлид гардонид”.

Зариф Мирдадо Раиси ноҳия,  мардуми шарафманди диёрро бахшида ба 25-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Китоби сарнавиштсоз, Бахтномаи миллат ном гирифтааст, бо фараҳмандӣ ва бо рӯҳияи болида ҳамчун дастоварди бузурги сиёсиву фарҳангӣ истиқбол мегиранд, муборакбод намуда, иброз дошт, ки  “Бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии сиёсиву ҳуқуқии ин ҳуҷҷати муқаддасу сарнавиштсозро бештар дарк ва қадр намуда, шоҳиди онем, ки дар заминаи ин санади муҳим давлати соҳибистиқлоли мо дар муддати зиёда аз  ду даҳсолаи охир пайгирона то ба зинаи давлатдории муосири ҷавобгӯ ба мақсаду мароми халқи фарҳангсолори тоҷик расид”.

Дар охир аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиб баҳри иштирокдорон пешниҳод карда шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.