Бахшида ба таҷлили 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 26-27 август дар варзишгоҳи марказии шаҳраки Шайдон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасони соли таваллудашон 2001 то 2008 гузаронида шуд, ки дар он 16 даста аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
Зариф Боймуротов и.в мудири Бахши ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ашт гуфт, ки дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ раиси ноҳия Зариф Мирдадо ва дар маҷмӯъ 280 нафар варзишгарон иштирок намуданд.
Тибқи иттилоъи манбаъ дар кушодашавии мусобиқа раиси ноҳия Зариф Мирдадо ба собиқадорони соҳаи варзиш ва ташкилкунандагони мусобиқа туҳфаҳои хотиротӣ тақдим кард ва ба варзишгарон барору пирӯзи таманно намуд.
Дар ин мусобиқаи сатҳи ҷумҳуриявидошта варзишгарони ноҳияи Ашт сазовори 3 медали тилло, 3 медали нуқра ва 12 медали биринҷӣ гардиданд. Ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа медал ва дипломи Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.