5 нафар барандаи идрори Президентӣ гаштанд

 1 155 боздид

20-уми июли соли ҷорӣ барои дарёфти идрори Президентӣ байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсею гимназияҳои ноҳияи Ашт озмун баргузор гардид.

Дар он муовини раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ ширкат намуда, довталабонро бо шартҳои озмуни идрори Президентӣ шинос намуд ва гуфт: “Озмуни мазкур бо мақсади ҷалби бештари ҷавонон ба донишандӯзиву илмомӯзӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ, дастгирӣ ва ҳавасманд намудани хонандагони фаъол гузаронида мешавад”.

Аз байни 28 нафар довталаб ҳамагӣ панҷ нафар беҳтаринҳо барандаи идрори Президентӣ дар соли хониши 2017-2018 эълон гардиданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.