621 нафар замини наздиҳавлигӣ гирифтанд

 1 265 боздид

8-уми апрел ба 621 нафар сокини ҷамоати шаҳраки Шайдон, ки ба замини наздиҳавлигӣ наёз доштанд, замини наздиҳавлигӣ тақсим карда шуд.

Замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди ҷамоати шаҳраки Шайдон дар асоси Қарори раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо аз 7-уми апрели соли 2017 таҳти №202 тақсим гардида, масоҳати он ба ҳар оила 0,8га рост меояд.

Қарори дигари Зариф Мирдадо оид ба тақсими замини наздиҳавлигӣ ба тавсиб расидааст, ки дар асоси он  боз 48 нафар сокини ҷамоати шаҳраки Шайдон рӯзҳои наздик соҳиби замини наздиҳавлигӣ мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз соли 2017 ба 124 нафар сокини ҷамоати деҳоти Пунук, 136 нафар сокини ҷамоати деҳоти Ифтихор  ва зиёда аз 20 нафар сокини ҷамоати деҳоти Ориён соҳиби замини наздиҳавлигӣ гардиданд.

Саодат ИСМОИЛӢ,

Сайидои ШОДӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.