70 – солагии Долимҷон Ғаниев ҷашн гирифта шуд

 457 боздид

Санаи 29 марти соли равон, дар асоси қарори Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати вилояти Суғд дар толори комиссариати ҳарбии ноҳия бо иштироки Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, Раиси шӯрои собиқадорони соҳаи ҳарбии вилоят полковник Азизов Шарифҷон, фаъолони ноҳия, кормандони комиссариати ҳарбӣ, аъзоёни Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ноҳия, ташкилотҳои ибтидоии собиқадорони соҳаи тандурустӣ ва Ҷамоати шаҳраки Шайдон чорабинии тантанавӣ бахшида ба 70 – солагии собиқ комиссари ҳарбии ноҳия, корманди масъул ва сардори шуъбаҳои комиссариати ҳарбии вилоят Долимҷон Ғаниев баргузор гардид.
Табрикоти роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Раиси Шӯрои собиқадорони соҳаи ҳарбии вилоят ба самъи ҳозирин расонида шуда, ба соҳибҷашн туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
Инчунин роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии собиқадорони комиссариати ҳарбӣ Ёрматов Р, соҳаи тандурустӣ Махкамова Ё ва аъзои маҳфили “Ворисони Маъдан” Сулаймон Азимӣ баромад намуда, оид ба ҳаёт, фаъолият, хизматҳои шоён, хусусиятҳои инсондӯстӣ, ватанпарварии соҳибҷашн сухан ронданд.
Дар анҷоми чорабинӣ Долимҷон Ғаниев баромад намуда, миннатдории самимии хешро ба роҳбарияти давлату ҳукумат барои ғамхорӣ ва қадрдонии доимӣ расониданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.