Санаи 10 октябри соли ҷорӣ дар Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт 80-солагии Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлил карда шуд.
Дар расми таҷлили 80-умин солгарди Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд – Тоҷибой Султонзода, раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоири халқии Тоҷикистон Ахмадҷони Раҳматзод, нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳидини Хоҷазод, Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исоева Сайрам, адиб, нависанда Дадохони Эгамзод, шоири халқии Тоҷикистон Толиби Озарахш, шоираи халқии Тоҷикистон Фарзона, Раиси ҷамъияти дӯстӣ дар вилояти Суғд Солиҷонов Нодирҷон, Консули генералии Федератсияи Россия дар шаҳри Хуҷанд Варламов Андрей Николаевич, бародари шодравон Рустами Воҳид ва аҳли пайвандони Маҳмудҷон Воҳидов ва собиқ раисони ноҳия, сармуҳаррирони рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ иштирок доштанд.
Дар таҷлили 80-солагии Маҳмудҷон Воҳидов Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмонон аз намоиши аксҳои шодравон дар гӯшае, ки дар дохили театри мазкур ташкил шудааст, дидан намуда, аз рӯзгор ва фаъолияти Маҳмудҷон Воҳидов ошно гаштанд.
Баъдан Зариф Мирдадо Раиси ноҳияи Ашт, дар баромади худ зикр дошт, ки Китоби умри Маҳмудҷон Воҳидов низ «Шоҳнома»- ро монад, ки бо гузашти айём ва боду боронҳо газанде наёфта, балки боз ҳам мояи омўзиш ва ифтихор аст. Бале, умри ў «Шоҳнома»-и Фирдавсиро монад, ки саропо ҳасрату дард, саропо чашми ду дидаи пуроб аст. Зеро тақдир барояш умри кутаҳ тақдим намуд. Умре, басо кўтаҳ, шабеҳи умри булбул, ки мисли булбул бо овози хушу дилнишинаш ба қалби ҳамагон маскан гирифта…
— Маҳмудҷон Воҳидов на танҳо санъаткор, ровӣ ва режиссёри бомаҳорат, балки эҷодкори хуб ҳам буд, ки аз худ андешаҳои бикру маъниҳои нишонрас боқӣ мондааст. Устод Лоиқ фармудаанд; «Маҳмудҷон на танҳо ровии шеър, балки шоир буд».
Сипас дар вазъияти тантанвӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд – Тоҷибой Султонзода табрикоти Раиси вилоятро ба самъи ҳозирин расонид.
Рустам Воҳидов бародари ровии нотакрор Маҳмудҷон Воҳидов, арзи миннатдории худро барои баргузор кардани чунин як чорабинӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ҳам ноҳияи Ашт расонид.
Дар охир дӯстон, ҳамкасбон, адибону нависандагон ва устодон андешаҳои худро доир ба фаъолият ва ҳамкориҳои худ бо Маҳмудҷон Воҳидов иброз намуданд.
Барномаи фарҳангӣ, ки аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия манзури иштирокдорон гардид, хотимабахши чорабинӣ буд.