Санаи 16.12.2023, дар толори кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон ба муносибати 85-солагии шаҳрвандӣ фахрии шаҳри Гулистон, муовини раиси Шӯрои ҷамъиятии ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Санавбар Нуриллоева чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, Раиси ноҳияи Ашт Шуҳрат Муҳаммадзода, муовини якуми Раиси шаҳри Гулистон Даврон Муҳаммадзода, Раҳматов Турсунбой Раҳматович Раиси Шӯрои собиқадорон ҷанг ва меҳнати вилояти Суғд, муовини Раиси Шӯрои ҷамъиятии ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Раиси Шӯрои собиқадорон ҷанг ва меҳнати шаҳри Гулистон Қосимова Каромат Маҳмудовна ва Раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён иштирок ва суханронӣ намуданд.
Таъкид карда шуд, Санавбар Нуриллоева тӯли солҳо зиёд дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунандаву ҷамъиятиву сиёсӣ софдилонаву содиқона кор ва фаъолият намуда, дар пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ халқ саҳми босазо ва арзандаи худро гузоштааст.
Санавбар Нуриллоева тӯли даҳ соли фаъолият дар шаҳри Гулистон собиқ Қайроққум ду даъват вакили халқии вилоятӣ, шаш даъват вакили халқии шаҳр интихоб гардидааст.
Баромадкунандагон аз фаъолият ва рӯзгори соҳибҷашн сухан намуда, ба ӯ саломатии бардавом ва рӯзгори осударо таманно намуда, бо мавлуди хуҷастааш муборакбод намуданд.