Дастаи ҷамоати Ошоба дар ҷои аввал

 828 боздид

Аз  4 то 7-уми марти соли ҷорӣ дар деҳаи Хиштхонаи ҷамоати деҳоти Понғоз бахшида ба эълон гардидани “Соли 2017-Соли ҷавонон” мусобиқаи ноҳиявӣ оид ба волейбол доир гардид. Дар он 14 даста аз ҷамоату шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок намуданд.

Дар натиҷа ҷои аввалро дастаи ҷамоати деҳоти Ошоба соҳиб гардид. Волейболбозони ҷамоати деҳоти Понғоз (деҳаи Хиштхона) ҷои дуввум ва дастаи ҷамоати деҳоти Шодоба ҷои севвумро ишғол намуданд.

Ҷамшед Насриддинов, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия мегӯяд, дар деҳаи Хиштхона аз тарафи ҷавонони фаъол бо харҷи  5 ҳазор сомонӣ майдони варзишӣ барои бозии волейбол сохта шуд. Мақсад аз бунёди ин майдони варзишӣ тарғиби тарзи ҳаёти солим байни сокинони деҳаи мазкур мебошад.

Дар охир ғолибон бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.