АШТ: РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР НОҲИЯ ИСТИҚБОЛ ГАРДИД

 393 боздид

Имрӯз, санаи 27.06. 2022 дар театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов чорабини бахшида ба 25 – умин солгарди рӯзи Ваҳдати миллӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Дар тантанаҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ Ёрдамчии Президенти Ҷуиҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода, муовини раиси вилоят Зариф Мирдадо Мирмуҳаммадӣ, Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода, роҳбарони сохторҳои низомӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва теъдои зиёди сокинони ноҳия ширкат варзиданд.

Нахуст Раиси ноҳия муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода ҳозиринро ба муносибати ҷашни 25 – умин солгарди Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, зимни баромади худ изҳор доштанд:

“Таърих борҳо собит намудааст, ки дар арсаи ҷаҳонӣ бархе аз миллатҳо тӯли садсолаҳо дар орзӯи ин неъмати бебаҳо яъне Ваҳдати миллӣ умр ба сар мебаранд. Хушбахтона, ин саодат миллати олитабори тоҷик, ин нишонаи пирӯзии хираду андешаи комил аст. Маҳз бо мадади рӯҳи поки гузаштагон, наҷотгари миллату фарҳанги тоҷик, фарзанди фарзонаи соҳибхирад Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдон омад. Ин ҷавонмарди созанда бо нерӯи бузурги тоҷикона аввалин пайғоми худро бо насими ҷонбахши Ваҳдати миллӣ оғоз бахшид. Имзо гаштани созишномаи истиқрори сулҳ дар хонадони Тоҷикистониён шуълаи умед ба ояндаи дурахшонро фурузон намуд.”

Баъдан барои расонидани табрикоти Пешвои муаззами миллат сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷуиҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода дода шуд.

Ёрдамчии Президент зимни баромади хеш гуфт:

“Сарвари хирадманди тоҷикон аввалин пойдевори ҷомеаи ҳуқуқбуниёди шаҳрвандиро бо нерӯи бузургу буниёдкорӣ ибтидо бахшиданд. Ҷаноби Олӣ, ҳанӯз дар баромадҳои аввалини худ рӯ ба мардуми шарифи тоҷик оварда, пайваста ба йҳамбастагиву хештаншиносӣ даъват менамуданд. Имрӯз туфайли хизматҳои шоёни роҳбари давлат дар фазои Ватан оромиву осоитагӣ парвоз дорад. Ман аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон куллӣ бошандагони ноҳияро таҳният менамоям. Ид муборак ҳамватанони азиз!»

Ҳамзамон номаи табрикотии Раиси вилояти Суғдро муовини раиси вилоят Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ ба самъи ҳозирин расонид.

Барои хизматҳои сазовор ба муносибати 25-солагӣ Ваҳдати миллӣ Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода аз ҷониби роҳбарияти қисми ҳарбии 14356 б-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт бо медали ҷашнӣ сарфароз гардонида шуд.

Баъдан ба 15 нафар фаъолон, саҳмгузорони ободии ноҳия Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Барномаи фарҳангие, ки тараннумгари рушди меҳан, ободии диёр, Ваҳдати миллӣ буд барномаи мутантанро ҳусни анҷом бахшид.

Хадамоти Матбуотии Ноҳияи Ашт

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.