Анҷоми меҳмонии ҷавонони ҷумҳурӣ ба ноҳияи Ашт таҳти унвони “Ҷавонон — пайрави Пешвои миллат”

 1 168 боздид

Тавре иттилоъ дода будем аз санаи 18 то 20 майи соли ҷорӣ меҳмонии ҷавонони ҷумҳурӣ дар ноҳияи Ашт таҳти унвони «Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат» доир гардид.

Санаи 20 май пас аз иштирок дар марафони велосипедронӣ ва дави миллӣ меҳмонон аз мавзеъҳои таърихии Ҷамоати деҳоти Ашт дидан намуданд.

Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо ҳамроҳии ҷавонон аз мавзеъҳои таърихии Масҷиди Ҳаштсаҳоба, Меҳроби Ашт, Қалъаи Афросиёб ва мавзеъи тӯдаи калон ва тӯдаи хурд боздид намуданд.

Инчунин нимаи дуюми рӯз ҷавонон аз мавзеи сайёҳӣ ва табобатии “Аксикон”, ки яке аз гӯшаҳои сайёҳии ноҳия ба ҳисоб меравад омада, аз тарзи табобат ва ҷойи табобатии “Аксикон” шинос шуданд.

Сафари серӯзаи меҳмонии ҷавонони ҷумҳурӣ ба ноҳияи Ашт таҳти унвони «Ҷавонон — пайрави Пешвои миллат» пас аз боздид аз мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии ноҳия ба анҷом расид.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.