Арсаи Роғун муборак,
Тоҷикистони гулобод!
Ахтари ҳомун муборак,
Офтобат пурзиё бод!
Шуълаафшон мавҷи рӯдат,
Шукри озодию бахтат.
Ваҳ, чӣ хуш пайдо намудӣ,
Соҳиби ин тоҷу тахтат.
Аз ту дорам Тоҷикистон
Ифтихору сарбаландӣ.
Бо ҳама кӯҳу мазорат,
Бемуҳобо дилписандӣ.
Кишвари барнои Олам,
Кишвари зебои олам,
Тоҷикистон, эй саропо
Гавҳари яктои олам!
Гулбаҳор МАЛИКЗОДА