АШТ: 10 иншооти ҷашни ба истифода дода шуд

 858 боздид

Санаи 17 ноябр бахшида ба истифода додани нахустин чархаи НОБ-и «Роғун» ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Солеҳзода Ашурбой, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ, Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, 10 иншооти ҷашнӣ аз ҷумла, майдончаи хурди варзишӣ дар маҳаллаи Ровакон, Ҷамоати шаҳраки Шайдон, ба маблағи 110 ҳазор сомонӣ, аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Манозимов Пайрав, майдончаи варзишӣ ва бозии бачагона дар Ҷамоати шаҳраки Шайдон, ба маблағи 650 ҳазор сомонӣ, аз тарафи соҳибкори бурунмарзӣ Мамадҷонов Муродҷон, азнавсозии туйхона дар деҳаи Марҳамати Ҷамоати деҳоти Ошоба, ба маблағи 500 ҳазор сомонӣ, бо 150 ҷойи нишаст, аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ, мағозаи хӯрокворӣ ва кошонаи ҳусн, дар деҳаи Аппони Ҷамоати деҳоти Ошоба, ба маблағи 255 ҳазор сомонӣ, бо 4 ҷойи корӣ, аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ, сохтмони 4 синфхонаи иловагӣ дар МТМУ №67, дар деҳаи Янгиободи Ҷамоати деҳоти Ориён, ба маблағи 185 ҳазор сомонӣ, барои 100 нафар хонанда, ба тариқи ҳашар, чоҳи амудӣ барои оби нӯшокӣ ва полезӣ, дар деҳаи Янгиободи Ҷамоати деҳоти Оринё, ба тариқи ҳашар, ба маблағи 188 ҳазор сомонӣ, барои 1500 хоҷагӣ, хонаи саломатӣ дар деҳаи Навбунёди Ҷамоти деҳоти Пунук, ба маблағи 180 ҳазор сомонӣ аз тарафи маъмурияти КАТС-и ноҳия ва аҳолӣ, бо 4 ҷойи корӣ, тариқи ҳашар, мағозаи хӯрокворӣ, дар Ҷамоати деҳоти Пунук, бо маблағи 195 ҳазор сомонӣ, ба 2 ҷойи корӣ, аз тарафи соҳибкорӣ маҳаллӣ, мағоза ва синфхонаи илвагӣ барои омӯзиши фанҳои иловагӣ, бо маблағи 125 ҳазор сомонӣ, бо 2 ҷойи корӣ, аз тарафи соҳибкор маҳаллӣ, чойхона, маркази савдо ва бозорча, бо маблағи 300 ҳазор сомонӣ, бо 15 ҷойи корӣ,  аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Ҳомидов Ш.  сохта ба истифода дода шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.