АШТ: 27-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ТАҶЛИЛ ГАРДИД

 426 боздид

Имрӯз дар толори МДВ театри мусиқӣ-драмавии ба номи М.Воҳидов 27-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд.

Раиси ноҳия Зариф Мирдадо бо самимияти беандоза ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбӣ,  сарбозону афсарони шуҷои меҳанро табрик гуфт. Қайд карда шуд, Артиши миллӣ марҳила ба марҳила устувору қавӣ гардидаву инак ба ҷавони ҳузарби 27-сола табдил ёфтааст. Он давра ба давраву пайваста бо дастгириҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардид ва имрӯз кулли шароитҳои хуб ҷиҳати обутоб ёфтани ҷавонони шуҷову ватандӯсти мо фароҳам аст. Барои хизмати арзандаи ҷавонони меҳанпарвар дар қисмҳои ҳарбӣ имтиёзу имкониятҳои зиёд, амсоли курсҳои ройгони ронандагӣ ва баъди адои хизмат илова шудани холҳои иловагӣ дар ҷараёни дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкадаҳо пешниҳод мегарданд.

Рӯйи кор омадани “Барномаи тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” низ ҷиҳати амалӣ шудани ҳадафҳои ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва бедор намудани эҳсоси ватандӯстӣ боиси қаноатмандӣ ва пазируфтанист.

Коршиносони ҷаҳонӣ бинобар ҷангдида будани Артиши миллии Тоҷикистон онро дар қатори артишҳои пурқудрат ҷой додаанд. Воқеан давлатро бидуни фарҳангу таърих, забон ва Артиши миллӣ тасаввур кардан имконнопазир аст. Қудрату сари боло, иқтидори ҳарбии кишвар бегумон ба зиёд шудани сафи ҷавонони ҷасуру ватанпарвар пайвастагӣ дорад.

МИҲД-и ноҳияи Ашт  ҷиҳати ободӣ, таъмир ва фароҳамсозии шароити мусоид дар қисмҳои низомии 0216 ва 14356 “б” пайваста мекӯшад.

Эътимоди комил дорам, ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мо ҷашни 30-солагии истиқлолияти  давлатиро бо интизоми қавӣ, омодабошии доимии ҷангӣ, руҳияи баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба касби бошарафи хеш истиқбол мегиранд.

Ширкаткунандагонро ҳамчунин комиссари ҳарбии ноҳия Қ.Сулмонзода таҳният намуда, роҳи тайкардаи Артиши миллии кишварро тайи ин солҳо ба ёд овард, аз дастоварду комёбиҳо, ҷонфидоиҳои фарзандони шуҷои Ватан сухан гуфт. Қайд карда шуд, дар барқарорсозии сохти конститутсионии мамлакат 213 нафар ширкат намудаву 69 нафар ҷавонони шуҷои Ватан ҷон бохтаанд. Ёди онҳо ҳамеша дар қалбҳои мост.

Баъдан аз ҷониби Раиси ноҳия якчанд нафар афсарону ҳарбиён ва ҳомиёни арзандаи ноҳия бо Ифтихорнома, медал ва кӯмакҳои яквақта қадр карда шуданд.

Барномаи ватанпарваронаи аҳли фарҳангчиёни ноҳия бо пешниҳоди саҳначаҳои ҷолиб, суруду таронаҳои меҳандӯстона ва рақсҳои ҷаззоб анҷомбахши чорабинии идона гардид.

Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.