АШТ: 5 нафар фаъолон бо Ифтихорнома сарфароз гариданд

 673 боздид

Имрӯз, 8-уми сентябри соли ҷорӣ дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, бо иштироки Раиси ноҳия Зариф Мирдадо, Раиси Шурои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Абдуллозода Шарифулло, чорабинии тантанавии супоридани Ифтихорномаи МИҲД-и вилояти Суғд ва ноҳияи Ашт ба 5 нафар фаъолони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия, бахшида ба таҷлили рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Нахуст, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Раиси Шурои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Абдуллозода Шарифулло, табрикоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати таҷлили 29-умин солгарди Истиҷлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи иштирокдорон расонида, зикр дошт, ки “Хушбахтона, бар хилофи нерӯҳои ҷудоихоҳ, хоинони миллат ва бархе доираҳои манфиатдори хориҷӣ қувваҳои солими ҷомеа таҳти парчами муттаҳидию ягонагӣ сарҷамъ гардида, ҷиҳати расидан ба истиқлоли комил ва ваҳдати милллӣ талош варзиданд. Дар натиҷаи фароҳам омадани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, ки арзишҳои бисёр азизу муқаддас маҳсуб ёфта, ҳифзу гиромидошти он вазифаи ҳар шаҳрванди бонангу номус маҳсуб меёбад, заминаҳои боэътимоди барпо кардани ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ гузошта шуд”.
Зариф Мирдадо Раиси ноҳияи Ашт дар баромади худ иброз дошт, ки Истиқлолият неъмати пурқимматтарин ва дастоварди бузургтарини миллати тоҷик мебошад, ки туфайли заҳмат ва кӯшишҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада, имрӯзҳо кишвари азизи мо дар арсаи байналмилалӣ соҳиби мақому манзалати шоиста буда, чун дигар кишварҳои мутараққӣ барои ҳалли муаммоҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ талош ва саҳмгузорӣ намуда истодааст.
— Имрӯзҳо албатта мардуми сарбаланди кишвар махсусан, мардуми меҳнатқарини ноҳияи Ашт дар ин рӯзҳои ҳассос ба корҳои созандагиву ободонӣ сафарбар гардида, ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашни бузурги милливу таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳудуди ноҳия бунёд ва мавриди истифода қарор додани 301 иншоотҳои мухталифи соҳаҳои хоҷагии халқ пешбинӣ карда шудааст.
— Иқдоми созандагиву бунёдкорӣ дар ноҳия бо маром идома ёфта, дар рӯзҳои таҷлили 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36 бо толори варзишӣ ва ошхона дар Ҷамоати деҳоти Понғоз барои 620 нафар хонанда, ҳавзи моҳипарварӣ дар Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Ширкати сохтмонии Рахшона” дар Ҷамоати деҳоти Ошоба, боғи ангур дар хоҷагии деҳқонии “Олами ангур”, сардхона ва сехи коркарди мева дар Ҷамоати деҳоти Ошоба бо иштироки Меҳмони Олиқадр ҳамчун армуғони ҷашнӣ ифтитоҳ хоҳад ёфт.
Баъдан дар вазъияти тантанавӣ ба 5 нафар фаъолони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия, бахшида ба таҷлили рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Ашт супорида шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.