АШТ: 70 – солагии Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши ҷумҳурӣ Искандар Ҳомидов таҷлил гардид.

 570 боздид

Дар асоси нақша чорабинии тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия санаи 1 – уми марти соли равон, дар деҳаи Ошобаи Ҷамоати деҳоти Ошоба 70 – солагии Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши ҷумҳурӣ Искандар Ҳомидов таҷлил гардид.
Раиси ноҳия Муҳаммадзода Шӯҳрат соҳибҷашнро ба муносибати 70 – солагиашон муборакбод намуда, бо Таҳниятнома ва туҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки Искандар Ҳомидов солҳои зиёд дар соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, дар таъмини солими сокинон фаъолият намудааст, дар тарғибу ташвиқи варзиш, рушди он, баргузории мусобиқаҳои варзишӣ дар намуди волейбол, тарбияи кадрҳои ҷавон оид ба варзиш ва бунёди иншоотҳои варзишӣ саҳми босазо гузоштааст.
Дар чорабинӣ шогирдон, пайвандон, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷамоат, мураббиён ва варзишгарони муассисаҳои давлатии маркатбҳои варзишӣ, ғолибони мусобиқаҳо, чемпионатҳо, олимпиадаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва фаъолони деҳа ширкат варзиданд.
Дар анҷоми чорабинӣ Искандар Ҳомидов ба сухан баромада, миннатдории самимии хешро ба роҳбарияти давлату ҳукумат барои ғамхорӣ ва қадрдонии доимӣ расониданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.