АШТ: Шаби эҷодии Саҳобидин Қобилов

 313 боздид

Имрӯз, санаи 8 июни соли равон, дар бинои Мактаби рассомии маркази ноҳия намоиши корҳои эҷодии яке аз собиқадорони соҳа, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, рассоми моҳиру наққош Саҳобиддин Қобилов, ки беш аз 40 сол дар ин самт фаъолият кардааст, баргузор шуд.
Ҷамъомадро муовини Раиси ноҳияи Ашт Аниса Ҷалилӣ бо ибрози сухани табрикии Раиси ноҳия оғоз намуда, ба Саҳобиддин Қобилов беҳтарин таҳниятҳои роҳбарияти ноҳия Мирдадо Зариф Мирмухаммадиро расонид. Баъдан дӯстону ҳамкорон, ҳамсабақон, шогирдон ва пайвандон ба ӯ барои заҳмати чандинсолаву тақдими нигористони пур аз нигораҳои ҷаззоб арзи сипос намуданд.
Баъд аз таманниётҳои аҳли дӯстону пайвандон бо кушодани лентаи рамзӣ аз расму тасвирҳои бо мӯқалами сеҳрноки рассом омодашуда, дидан намуданд. Ҳар як тасвир, ҳар як манзараву нигораҳо аз маҳорати хоса, муҳаббати беназир ва сабки ба худ хоси рассом пешниҳод карда шудааст. Инчунин дар дафтари хотирот таманниёти беҳтарини иштирокдорон қайд карда шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки Саҳобиддин Қобилов тули ҳаёти пурсамари худро дар соҳаҳои фарҳангу маориф сипарӣ намуда, аз омӯзгори оддӣ то унвони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон расидааст.
Ин намоишнома туҳфа ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.