АШТ: 70 – солагии собиқадори соҳаи матбуот Сиддиқов Юнусалӣ ҷашн гирифта шуд.

 423 боздид

Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия санаи 12 августи соли 2021 дар толори муассисаи давлатии вилоятии “Театри мусиқӣ – драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов” чорабинии идона бахшида ба 70 – солагии узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, собиқ сармуҳаррири рӯзномаи “Шуҳрати Ашт” Сиддиқов Юнусалӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии идона Раиси ноҳия Мирдадо Зариф, муовини Раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ – фарҳангӣ, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони якқатор раёсату кумитаҳо, мудирони шуъбаву бахшҳо, ташкилоту идораҳо, собиқадорон, ҳамкасбон, шогирдон, дӯстон, ҳамсабақон ва аҳли пайвандони соҳибҷашн ширкат варзиданд.
Сараввал роҳбарияти ноҳия ба сухан баромада, иброз доштанд, ки боиси ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯз дар арафаи таҷлили ҷашни бузурги таърихӣ-30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 70-солагии марди нексиришт, соҳибфазилат, кордону нуктасанҷ, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Устоди азиз Юнусалӣ Сиддиқовро таҷлил намуда истодаем.
Ман аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва аз номи худам Шуморо ба муносибати ин санаи фархунда бо самимияти афзун муборакбод гуфта, бароятон тансиҳатӣ, умри бардавом, сари баланду тани нерӯманд ва дар фаъолияти минбаъдаи эҷодиатон барору комёбӣ хоҳонам.
Лозим ба ёдоварист, ки дар ҳақиқат Устоди гиромиқадр Юнусалӣ Сиддиқов солиёни зиёд саъю кӯшиши худро баҳри чоп ва нашри маводу мақолаҳои ҷолибу хонданӣ равона намуда, дар пешбурд ва тарғиби сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзанда мегузоранд.
Бори дигар, Шуморо бо ҷашни мавлуди 70-солагӣ шодбош гуфта, давлати пирӣ, хонаободиву хотирҷамъӣ, файзу баракат ва нишоту сурур дар хонадонатон таманно менамоям.
Баъд аз ба итмом расидани сухани табрикӣ аз ҷониби роҳбарияти ноҳия соҳибҷашн бо таҳнияти табрикотӣ ва туҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Сипас, намояндаи созмони Суғдии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Карим Шариф, намояндаи нашрияи расмии Ҷумҳурият дар вилоят ва яке аз шогирдони соҳибҷашн Ҷовиди Аштӣ, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол ва шогирди соҳибҷашн Рустам Одизода, сарвари маҳфили адабии “Ворисони Маъдан” узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Зафар Аҳмад, сармуҳаррири рӯзномаи “Шуҳрати Ашт” Таҳмина Мисробӣ, олими шинохта Шомуҳаммад Ҳайдарӣ, аъзои иттифоқи журналистони Тоҷикистон Сулаймонқул Азимӣ ва меҳмон аз шаҳри Душанбе шогирди соҳибҷашн Мавзунаи Муҳаммадӣ бо навбат ба сухан баромада, соҳибҷашнро ба рӯзи мавлудашон табрик намуданд. Нотиқон дар баромади худ нисбати хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, содиқ будан ба Ватан, дастовардҳои меҳнатӣ ва ҳиссаи арзанда дар тарбияи ҷавонону наврасон қайд намуданд. Аз тарафи шахсони баромаднамуда, ба соҳибҷашн Меҳрнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Дар рафти чорабинӣ духтари Сиддиқов Юнусалӣ ба сухан баромада, соҳибҷашнро аз номи аҳли пайвандон, табрику муборакбод намуд.
Инчунин барои болидахотирии иштирокчиёни чорабинӣ аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби консертӣ ташкил карда шуд.
Дар анҷоми чорабинӣ Сиддиқов Юнусалӣ баромад намуда, миннатдории самимии хешро ба роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат барои ғамхориҳои пайваста ва қадрдонии доимӣ расониданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.