Анҷумани оҳангарони Ашт 4-уми июни соли 1877 ташкил гардида, таъсисдиҳандаи он тоҷир,сайёҳ ва бостоншинос машҳур АкрамПолвон Аскаров мебошад. Номбурда то соли 1916 сарварии ин ҷамъятро дар шаҳри Тошкент бар дӯш дошт.
Имрӯз, ба муносибати 190-солагии тоҷир, саёйҳ ва бостоншиноси машҳур Акрам Полвон Аскаров дар деҳаи Ашти Ҷамоати деҳоти Ашт Анҷумани 5-уми оҳангарон баргузор гардид. Дар он Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода, устоёни оҳангар аз Ҷумҳурии Узбекистон ва за томоми минтақаи кишвар ширкат намуданд.
Дар анҷуман Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ва дигар шахсони расмӣ ширкат карда, молу маҳсулоти истеҳсолкардаи онҳангаронро дидан намуданд. Роҳбари ноҳия гуфт, ки оҳангарӣ дар Ҷамоати деҳоти Ашт рушд карда, он маъруфияти зиёдро касб кард. Оҳангарони ҷамоат тавонистанд молу маҳсулоти худро дар бозорҳои кишвар серхаридор созанд. Мо бовар дорем, ки минбаъд низ оҳангарон барои сохтани асбобҳои зарурӣ ба мардум сарбаландона хизмат мекунанд.
Сипас, дар толори тарабхонаи Орзу чорабини идома ёфт ва Раиси ноҳия ба сухан баромада меҳмононро ба Анҷуман хайрамақдам гуфт ва бобати заҳматҳои бемисли Акрам Полвон Аскаров ёдовар шуд.
Дар идома пешқадамони соҳа, дастандаркорон, меҳмонон бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Раиси ноҳия қадрдони карда шаданд.
Таърихшиносон Бахтовар Темирзода ва Сулаймонқул Азимӣ доир ба пайдоиши оҳангарӣ ва рушди ин ҳунари куҳанбунёд баромад намуданд.
Зимни баромадҳо гуфа шуд, ки сабаби асосии рушди ин ҳунар дар ноҳияи Ашт он аст, ки оҳангарӣ пешаи гузаштагонашон мебошад. Ҳунари оҳангарӣ ҳамеша барои ҷомеа зарур аст. Гарчанде илму техника дар асри 21 рушд кард, вале зарурат ба асбобҳои исеҳсолкардаи оҳангарон ҳамоно ҷой дорад.
Бояд гуфт, ки оҳангарони аштӣ бештар ба сохтани дост, каланд, бел, табар, теша, чок, бухорӣ (печка), корд ва дигар асбоби рӯзгор машғул мебошанд. Маҳсулоти истеҳсолкардаи онҳо натанҳо дар Тоҷикистон балки дар Қазоқистон ва Ӯзбекистон низ харидори зиёд дорад.
Дар фаҷом аз ҷониби бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт саҳнача ва барномаи фарҳангӣ тақдим карда шуд.
Хадамоти матбуотии Раиси ноҳия