АШТ: Аваллин мактаб дар ноҳия 100 сола шуд.

 9 498 боздид

22.11.2022

Субҳи имрӯз дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 фазои идона танинандоз буд. Зеро, ба таъсис ёфтани ин боргоҳи илм имрӯз сад сол пур шуд. Ба ифтихори сазовор истиқбол гардидани 100 солагии МТМУ рауами 1 саҳни мактаб бо парчамҳои давлатӣ, шиору навиштаҷотҳо, гулҳои гуногун оро дода шуда буд.

Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода, намояндаи Раёсати маорифи вилоят Ҳайдарзода Муяссар ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарияти КИ ҲХДТ дар ноҳия, олимон, сиёсатмадорон, ходимони ҷамъиятию сиёсӣ, собиқ раисони ноҳия, собиқадорони меҳнат ташриф оварда, нахст аз маҳсулотҳои ба намоишгузошта шинос шуд.

Баъдан, дар фазои пуршукӯҳ нимпайкараи шоир ва нобиғаи форсу тоҷик Умари Хайём пардабардорӣ гардид.

Меҳмонон бо мақсади хотира аз ташриф ниҳоли ҳамешасабз ба саҳни муассиса шинониданд.

Сипас, чорабини дар толори муассиса идома ёфт. Дар толор фаъолони ҷамоат, роҳбарони корхонаю ташкилотҳо, пешқадамони соҳаи маориф ва дигар шахсони дахлдор ҷамъ омаданд.

Дар оғоз Раис ноҳия ба сухан баромада, зикр намуд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-и ба номи Умар Хайём, ки 22 ноябри соли 1922 таъсис ёфтааст, бунёди 3-юмин муассиса дар он солҳо дар миқёси вилоят ба ҳисоб меравад.

Аз соли таъсисёбӣ то ба имрӯз омӯзгорони соҳибкасб, кордону ташкилотчӣ, маорифпарвару ватандӯст роҳбарии муассисаи мазкурро ба уҳда доштанд, дар фаъолияти меҳнатии худ ба дастоварду пешравиҳои назарраси илмиву таълимӣ ноил гардидаанд.

Баъдан намояндаи Раёсати маъорифи вилояти Суғд Ҳайдарзода Муяссар номаи шодбошии сардори Раёсати маъорифи вилоятро ироа намуд ва дар фазои идона як компютери замонавӣ ба муассиса тақдим гардид.

Маврид ба зикр аст, ки барои иштирок дар 100 солагии муасисса дастпарварони зиёд аз пойтахти кишвар ва шаҳру навоҳии гуногуни кишвар ташриф оварданд.

Дар идома, Раҳимов Рустам директори муассиса ба сухан баромада, меҳмононро барои ташрифашон хайрамақдам гуфт.

Нодирҷон Солиҷонов ходими сиёсиву ҷамъиятӣ ва Тошматов Маҳмадуҷон номзади илмҳои техникӣ зимни баромади хеш вобаста ба хотираҳо аз мактаб ва дастпарварони ин боргоҳи илм ҳарф зад ва якчанд китоҳои тозанашри худро тӯҳфа намуданд.

Вобаста ба таърихи мактаб таърихшинос Бахтовар Темирзода такя бо санад ва далелҳои таърихӣ маърӯза намуд.

Бо назардошти хизматҳои шоён пешқадамони муассиса бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдони карда шуд.

Бояд ёдовар шуд, ки дастпарварони ин муассиса ҳоло дар тамоми сохторҳо ва соҳаҳои гуногун дар шаҳру навоҳии гуногуни кишвар дар пеш бурдани хизмати давлатӣ фаъолят доранд.

Баъдан саҳначае, ки як лаҳзаи таъсисёбии МТМУ рақами 1 ро бозгӯ мекунад манзури иштирокдорон гардид.

Барномаи рангини бахши фарҳанг, баромади хонандагон, рақсҳои дилфиреб, сурудҳои фароғатбахш чорабиниро ҳусни хотима бахшид.

 

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.