Санаи 12 – уми феврали соли 2022, Раиси ноҳия Муҳаммадзода Шӯҳрат ҳамроҳи Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Зафар Мамадҷонов ба хонаи собиқадори меҳнат, дорандаи ду Ордени Байрақи Сурхи меҳнат, Ифтихорномаи фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Устоди пахтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимбой Сафаров ташриф оварда, ба муносибати 90 – солагии зодрӯзашон табрику муборакбод намуданд.
Ба соҳибҷашн туҳфаҳои хотиравӣ ва маводҳои ғизоӣ дастрас карда шуданд.
Устоди пахтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимбой Сафаров барои ғамхориҳои мунтазами роҳбарияти Олии кишвар ва Раиси вилояти Суғд миннатдории самимӣ изҳор намуд.