АШТ: Аёдати ятимону бепарасторон ва сарбозон дар арафаи Соли нав.

 497 боздид

Имрӯз Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода бо ҳамроҳии муовини Раиси вилояти Суғд оид ба масъалаҳои кишоварзӣ Зариф Мирдадо, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия ба Муассисаи давлатии Интернати назди мактабӣ № 2 дар шаҳраки Шайдон ташриф оварда, тарбиятгирандагонро ба муносибати фарорасии Соли Нави мелодӣ таҳният намуданд.

Муовини Раиси вилояти Суғд Мирдадо Зариф Паёми табрикотии Раиси вилояти Суғдро ба самъи тарбиятгирандагон расонида, таъкид намуд, ки Шумоён доимо дар таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доред. Ҳеҷ гоҳ ғамгин набошед, ки Шумоён танҳо ҳастед. Боварӣ дорем, ки фарзандони баору номус, ҳалиму хоксор ба воя расида, баҳри гуггулшукуфоии Ватани азизамон Тоҷикистон саҳми назарраси худро мегузоред. Раиси ноҳия ба наврасон баён намуд, ки онҳо таҳти ғамхории бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат қарор доранд. Давлату ҳукумат барои ояндаи дурахшони кӯдакони ояндасоз ҳамеша тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Баъдан, аз тарафи тарбиягирандагон барномаи рангини солинавӣ пешниҳод карда шуда, дар гирди хони идона ба кӯдакону наврасон туҳфаҳои солинавӣ тақдим гардид.

Сипас, роҳбари ноҳия бо ҳамроҳи муовини Раиси вилоят ба қисмҳои низомӣ 13456 Б ва 0216 ташриф оварда, сарбозону афсаронро дар арафаи Соли Нав таҳният намуданд. Баъди анҷоми қисми тантанавии чорабинӣ пешқадамони соҳа бо Сипоснома ва туҳфаҳои солинавӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.