АШТ: АЗ ФАЪОЛИЯТИ 9 МОҲА НАТИҶАГИРӢ ШУД.

 860 боздид

06.10.2023
Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт бо иштироки Неъматулло Ҳикматуллозода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, муовини авали Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар ва Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ҷамъбастии 9 моҳаи соли 2023 баргузор гардид.

Дар маҷлиси ҷамъбастӣ муовинони Раиси ноҳия, сардорони Раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисон, котибон, мутахассисони пешбар оид ба кишоварзӣ, мутахассисони пешбар оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, намояндагони расонаҳои хабарӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ, сартабибони беморхонаҳои минтақавӣ иштирок намуданд.

Нахуст, «Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар 9 моҳи соли 2023 ва вазифаҳо дар давраи минбаъда» муовини Раиси ноҳия Ҷамшед Маҳмудзода баромад намуда, ба ҳозирин гузориши муфассал пешниҳод намуд.

Шӯҳрат Муҳаммадзода баъди ба охир расидани маърӯза аз муовинон ва роҳбарони корхонаву ташкилотҳои ноҳия аз ҷараёни кор дар самтҳои андоз, ташкил корхонаҳои саноъатӣ, таъмини сокинон бо ҷой нави корӣ, руш додани соҳибкорони хурду бузург, ҷамъовари саривақтии ҳосили пахта бузург ва дигар масъалаҳо пурсиш ба амал овард.

Роҳбари ноҳия оид ба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бедор кардани ҳисси ватндустиву меҳанпарастӣ ва пешгирии онҳо аз шомилшави ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ сухан гуфт:

“ Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳифзи Ватан барои ҳар як шаҳрванд, бахусус насли ҷавон шарафи ҷавонмардист. Ҷавонони имрӯза дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз мактаби бузурги ҳаёт, ҷасорату мардонагӣ ва далерию шуҷоат мегузаранд ва ба ҳар гуна равияҳои ифротгароӣ шомил намегарданд. Зеро онҳо мактаби ҳаётро мегузаран ва ба қадри Ватан, тинҷӣ, оромӣ, ва саодати зиндагӣ мерасанд.”

Дар маҷлис намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хол Ҳайдар бо таҳлилҳои амиқ барои пешравии кор вобаста ба самти иқтисод, маориф, кишоварзӣ, хоса чорводорӣ, истеҳсоли маҳсулоти полезӣ, захираи хошоки дурушт, истеҳсоли пашм, гӯшт, кишти такрорӣ ва дигар намуди маҳсулотҳо дастури мушаххас дод.

Маҷлиси фаъолонро Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода бо сухани хотимавӣ ҷамъбаст намуд ва барои иҷрои вазифаҳои минбаъда супоришҳои мушаххас гузошт.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.