АШТ: АЗ ФАЪОЛИЯТИ 9 МОҲА НАТИҶАГИРӢ ШУД

 274 боздид

08.10.2022

Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло, муовини аввали Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар ва Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ҷамъбастии 9 моҳа баргузор гардид.

Дар маҷлиси ҷамъбастӣ муовинони раиси ноҳия, сардорони Раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисон, котибон, мутахассисони пешбар оид ба кишоварзӣ, мутахассисони пешбар оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ, сартабибони беморхонаҳои минтақавӣ иштирок намуданд.

Нахуст, барои ташрифашон Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода меҳмононро ба ноҳияи Ашт аз номи сокинони ноҳия хайрамақдам гуфт.

Рӯзномаи зерини Маҷлиси фаъолони ноҳия тасдиқ карда шуд:

«Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар 9 моҳи соли 2022 ва вазифаҳо дар давраи минбаъда».

Аз рӯи масъалаи рӯзнома «Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар 9 моҳаи соли 2022 ва вазифаҳо дар давраи минбаъда» муовини Раиси ноҳия Ҷамшед Маҳмудзода баромад намуда, ба ҳозирин гузориши муфассал дод.

Шӯҳрат Муҳаммадзода баъди ба охир расидани маърӯза аз муовинон ва роҳбарони корхонаву ташкилотҳои ноҳия пурсиш ба амал овард.

Дар маҷлис Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло ва муовини аввали Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар – суханронӣ намуда, дар баробари муваффақиятҳо як қатор камбудиҳоро хотиррасон карданд ва диққати иштирокдорони маҷлиси фаъолонро ба истифодаи самарабахши ҳамаи захираю имкониятҳо, сари вақт ба иҷро расонидани нақшаҳои барномавии давраи минбаъда вазифагузорӣ намуданд.

Маҷлиси фаъолонро Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода бо сухани хотимавӣ ҷамъбаст намуд ва барои иҷрои вазифаҳои минбаъда дар нӯҳ моҳи соли 2022 супоришҳои мушаххас гузошт.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.