АШТ: АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОЛИ 2022 НАТИҶАГИРӢ ШУД. 

 740 боздид

Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло, муовини раиси вилояти Суғд Зоҳидзода Даврон Абдуқодир ва Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар соли 2022 натиҷагирӣ гардид.

Дар маҷлиси ҷамъбастӣ муовинони раиси ноҳия,роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарияти КИ ҲХДТ дар ноҳия, сардорони Раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, котибон, мутахассисони пешбар оид ба кишоварзӣ, намояндагони расонаҳои хабарии маҳаллӣ, мутахассисони пешбар оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ, сартабибони беморхонаҳои минтақавӣ, фаъолзанон ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.

Нахуст, барои ташрифашон Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода меҳмононро ба ноҳияи Ашт аз номи сокинони ноҳия хайрамақдам гуфт.

Рӯзномаи зерини Маҷлиси фаъолони ноҳия тасдиқ карда шуд:

«Оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023».

Аз рӯи масъалаи рӯзнома «оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар соли 2022» муовини Раиси ноҳия Ҷамшед Маҳмудзода баромад намуда, ба ҳозирин гузориши муфассал дод:

“Нақшаи даромад аз андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ дар соли 2022 мувофиқи ноҳия ба маблағи 62 млн. 540 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, дар асл 64 млн. 958 ҳазор сомонӣ иҷро карда шуд, ки баробари 103,9 фоизи нақша буда, нисбати он 2 млн. 418 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Нисбати соли 2021 ба буҷет 13 млн. 11 ҳазор сомонӣ, ё ин ки 25,8% зиёд маблағ ворид гардидааст. Дар соли 2022 нақшаи муқарраргардидаи 7 намуди андозу пардохтҳои ҳатмӣ пурраву барзиёд иҷро карда шуданд.

Дар соли 2022 мувофиқи ноҳия дар соҳаи саноат ба маблағи 323,2 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбати нишондиҳандаи соли 2021 75,0 млн. сомонӣ зиёд буда, афзоиши истеҳсолот ба 130,2% таъмин гардид.

Дар ин давра аз 22 корхонаҳою коргоҳҳои саноатии шаклҳои гуногуни моликият, 20 ададашон фаъолият намуданд ва 18 корхонаву коргоҳҳо нисбати соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намуданд.

Истеҳсоли ҳамаи 17 намуди асосии маҳсулоти саноатии дар ноҳия истеҳсолшаванда, нисбати соли гузашта зиёд шудааст.

Ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаи боғу токпарварӣ , дар соли 2022 дар ноҳия тибқи нақша бунёди боғу токзори ҷавон дар майдони 60 гектар пешбинӣ гардидааст. Дар соли 2022 дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаву доманакуҳҳо дар майдони 261,1 гектар боғоти меваҳои гуногун бунёд карда шудааст, ки баробари 435,1 фоизи нақша буда, нисбати он 201,1 гектар зиёд мебошад.

Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳия соли равон дар майдони 6323 гектар кишти пунбадона гузаронида шуда, новобаста аз номусоид омадани обу ҳаво, барои руёнидани ҳосили хуби пахта тамоми имконияту захираҳо равона карда шуданд.

Дар давоми мавсим барои саривақт иҷро намудани дурнамои солонаи истеҳсоли пахта, ки ба миқдори 17300 тонна муқаррар карда шудааст, тамоми захираҳо равона карда шуданд. Ба санаи ҳисобии соли равон дар ноҳия ба миқдори 18469 тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ ва ба корхонаҳои коркард супорида шудааст, ки баробари 106,7 фоизи дурнамои солона мебошад.

Ҳосилнокии миёнаи пахтазори ноҳия соли равон 29,2 сентнериро ташкил менамояд, ки нисбати нишондиҳандаи нақшавӣ 1,8 сентнерӣ зиёд мебошад.

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дастгирии соҳибкорону сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, роҳи автомобилгарди “Ғафуров –Қаҳрамон – Пунгон то сарҳади Ҷумҳурии Узбекистон” дар масофаи 66 километр ба маблағи 1 миллиону 213 ҳазор сомонӣ бо асфалти гарм таъмири ҷорӣ карда шуд.

Аз ҷумла, дар деҳаи Долонаи Ҷамоати деҳоти Меҳробод ба дастгирии мардуми деҳа беш аз 3 миллион сомонӣ маблағ ҷамъоваривӣ гардида, 7 километр роҳ бо асфалти гарм мумфарш карда шуд. Инчунин, соҳибкорону аҳолӣ дар Ҷамоати деҳоти Понғоз 1 километр роҳҳои дохилии деҳаҳо ба маблағи 420 ҳазор сомонӣ асфалтпӯш, дар Ҷамоати деҳоти Ориён 20 километр роҳҳои дохилӣ ба маблағи 500,0 ҳазор сомонӣ бо асфалти гарм таъмири ҷорӣ, дар Ҷамоати деҳоти Пунук 2 километр роҳҳои дохилӣ ба маблағи 450 ҳазор сомони асфалтпӯш ва 24 километр роҳҳои дохилӣ бо асфалти гарм таъмири ҷорӣ карда шуд.

Шӯҳрат Муҳаммадзода баъди ба охир расидани маърӯза аз муовинон ва роҳбарони корхонаву ташкилотҳои ноҳия: Маҳмудзода Ҷ.А., Ҷалилӣ А.А. – муовинони Раиси ноҳия, Фарҳодзода Х.Ф. – роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, Рафиқзода Ш. – сардори нозироти андоз, Бобоалиев М.- сардори ИДБЗО, Шодиев М. – сармутахассис – ҳуқуқшинос, роҳбарияти шуъбаи маориф, Усмонов Б.- сардори Раёсати кишоварзии ноҳия, роҳбарияти соҳаи тандурустӣ, Эшматов З.А. – мудири шуъбаи иқтисод ва савдо, намояндагони муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард, роҳбарияти идораи кумитаи заминсозӣ, пурсиш ба амал овард.

Дар маҷлис Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло ва муовини раиси вилояти Суғд Зоҳидзода Даврон Абдуқодир – суханронӣ намуда, дар баробари муваффақиятҳо як қатор камбудиҳоро хотиррасон карданд ва диққати иштирокдорони маҷлиси фаъолонро ба истифодаи самарабахши ҳамаи захираю имкониятҳо, сари вақт ба иҷро расонидани нақшаҳои барномавии давраи минбаъда вазифагузорӣ намуданд.

Бо пешниҳоди сухани хотимавӣ ҷамъбаст намуд ва барои иҷрои вазифаҳои минбаъда дар нӯҳ моҳи соли 2022 супоришҳои мушаххас гузошт.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.