Имрӯз бо дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия ба наздик 100 адад оилаҳои ниёзманд кӯмаки моддӣ расонида шуд.
Печи алобӣ, ангишт ва болопӯши гарм аз лиҳози кӯмаки яквақтаи моддӣ буда, масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳия бо ҳамдастии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба шахсони эҳтиёҷманди 9 ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия супориданд.
Маврид ба зикр аст, ки қишри осебпазир доимо таҳти ғамхории бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия қарор доранд.
Барои фароҳам овардани шароитҳои мусоид имрӯз давлату ҳукумат тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд. Дар фарҷом сокинон барои таваҷҷӯҳ ба Пешвои муаззами миллат изҳори сипос намуданд.