АШТ: Баргузории даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

 1 512 боздид

Бобати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2021, №АП-43, қарори Раиси вилояти Суғд аз 30 марти соли 2021, №141 ва қарори Раиси ноҳия аз 12 апрели соли 2021, №176, санаҳои 7 – 8 июли соли равон, дар толори муассисаи давлатии вилоятии «Театри мусиқӣ – драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов» даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид.
Дар озмун Раиси ноҳия Мирдадо Зариф, муовини Раиси ноҳия оид ба иҷтимоиёт, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, муовини директори Маркази таҳсилоти иловагии вилоят Мирзозода Ноил Мирзо, роҳбарият ва кормандони шуъбаву бахшҳои маориф ва фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, сарварони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон, хонандагону ва волидайни онҳо ширкат варзиданд.
Дар озмун аз рӯи 5 номинатсия 208 нафар ғолибони даври якуми озмун байни муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту муассисаҳои худидоракунӣ иштирок намуданд.
Мақсад аз баргузор намудани озмун ин пеш аз ҳама баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар мебошад.
Дар озмун “Миёни омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони соҳаи фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун” аз номинатсияи “Адабиёти кӯдакон ва наврасон” Мирахмедова Фирӯза – омӯзгори МТМУ №61 сазовори ҷойи якум, Муталибова Шоиста – омӯзгори МТМУ 48 ҷойи дуюм, аз номинатсияи “Адабиёти классикӣ” Мадаминов Урмонҷон – омӯзгори МТМУ №25, Шодиматов Эраҷ – корманди муассисаи давлатии вилоятии «Театри мусиқӣ – драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов» ҷойи дуюм, аз номинатсияи “Адабиёти муосир” Ғафурова Дилором – омӯзгори гимназияи №5 ҷойи якум, аз номинатсияи “Адабиёти ҷаҳон” Расулова Фотима – омӯзгори МТМУ №7, Миродиев Убайдулло — корманди муассисаи давлатии вилоятии «Театри мусиқӣ – драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов» ҷойи якум, аз номинатсияи “Эҷоди назму наср” Рузибоев Далерҷон – омӯзгори литсейи касбӣ – техникӣ, саноатӣ – кишоварзии ноҳия ҷойи якум, Исоматова Ҳилола – сокини Ҷамоати деҳоти Понғоз ҷойи дуюм ва Қаюмова Саодат – омӯзгори МТМУ №26 ҷойи сеюм гардиданд.
Миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз номинатсияи “Адабиёти классикӣ” Рузиматова Маликабону – донишҷӯи соли дуюми ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров сазовори ҷойи якум, Холиқова Моҳрӯза — донишҷӯи соли дуюми ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров сазовори ҷойи дуюм, Масаидов Нӯъмон – донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷойи сеюм, Қодирова Нодира — донишҷӯи соли аввали ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров сазовори ҷойи сеюм, аз номинатсияи “Адабиёти муосир” Юнусалиев Умедҷон — донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷойи якум, Худойбердиев Баҳманёр — донишҷӯи соли дуюми ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров сазовори ҷойи дуюм, аз номинатсияи “Адабиёти ҷаҳон” Исроилова Хушрӯя — донишҷӯи соли аввали ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров ҷойи якум гардиданд.
Миёни хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз номинатсияи “Адабиёти кӯдакон ва наврасон” Шералиева Сабура – хонандаи синфи 3, МТМУ №61 сазовори ҷойи якум, Ҷураева Розиямо — хонандаи синфи 5, МТМУ №17 ҷойи дуюм, Юлдошева Нозия — хонандаи синфи 5, МТМУ №13 ҷойи дуюм, Шодиева Шаҳзода — хонандаи синфи 6, МТМУ №2 ҷойи дуюм, Одинаева Нозия — хонандаи синфи 5, МТМУ №65 ҷойи сеюм, Муфтоева Мунира — хонандаи синфи 5, МТМУ №37 ҷойи сеюм, Мадалиева Ӯғулой — хонандаи синфи 3, МТМУ №61 ҷойи сеюм, Пулодов Аббос — хонандаи синфи 1, МТМУ №48 ҷойи ифтихорӣ ва Қосимова Нозия – хонандаи синфи 5, гимназияи №1 ҷойи ифтихорӣ гардиданд.
Аз номинатсияи “Адабиёти классникӣ” байни хонандагон Рашидов Розиқ — хонандаи синфи 7, МТМУ №13 сазовори ҷойи якум, Қодирова Маҳҷабин — хонандаи синфи 9, МТМУ №61 ҷойи дуюм, Ҳабибова Афрӯза — хонандаи синфи 8, МТМУ №1 ҷойи дуюм, Худойбердиева Дилангез — хонандаи синфи 9, МТМУ №66 ҷойи дуюм, Рӯзиматова Сурайё — хонандаи синфи 9, МТМУ №36 ҷойи сеюм ва Дадоматова Муаттара — хонандаи синфи 11, МТМУ №40 ҷойи сеюм гардиданд.
Аз номинатсияи “Адабиёти муосир” байни хонандагон Мадалиева Шамсия — хонандаи синфи 11, МТМУ №7 сазовори ҷойи якум, Дадоматова Шукрона — хонандаи синфи 9, гимназияи №5 ҷойи дуюм, Неъматова Ҳоҷара — хонандаи синфи 10, МТМУ №66 ҷойи дуюм, Бердиева Шаҳноза – хонандаи синфи 7, литсейи №2 ҷойи дуюм, Азизова Шарифа — хонандаи синфи 6, гимназияи №1 ҷойи сеюм, Нурматова Рухангез — хонандаи синфи 10 МТМУ №36 ҷойи сеюм, Фидоева Муҳиба — хонандаи синфи 6, МТМУ №11 ҷойи сеюм, Тошматова Дилангез – хонандаи синфи 8, МТМУ №13 ҷойи ифтихорӣ ва Ҳоҷибоева Зевара – хонандаи синфи 9, МТМУ №1 ҷойи ифтихорӣ гардиданд.
Аз номинатсияи “Адабиёти ҷаҳон” байни хонандагон Мадаминова Гулбаҳор — хонандаи синфи 10, МТМУ №61 соҳиби ҷойи якум, Дадоматова Меҳрона — хонандаи синфи 9, МТМУ №13 ҷойи дуюм, Фахриддинова Симрон — хонандаи синфи 9, МТМУ №66 ҷойи дуюм, Манонов Донёр — хонандаи синфи 8, МТМУ №2 ҷойи сеюм ва Асатуллоева Шабнам — хонандаи синфи 8, гимназияи №7 ҷойи сеюм гардиданд.
Аз номинатсияи “Эҷоди назму наср” байни хонандагон Ҳошимова Шукрона — хонандаи синфи 9, МТМУ №1 соҳиби ҷойи якум, Тоштемирова Шаҳзода — хонандаи синфи 5, гимназияи №1 ҷойи дуюм, Шодиева Манижа — хонандаи синфи 5, гиназияи №1 ҷойи дуюм, Мамадҷонов Абдуматин — хонандаи синфи 11, МТМУ №61 ҷойи дуюм, Имомалиева Умеда — хонандаи синфи 5, МТМУ №65 ҷойи сеюм, Садриддинова Бибисафия — хонандаи синфи 7, гимназияи №1 ҷойи сеюм ва Одинаева Дилноза — хонандаи синфи 10, МТМУ №13 ҷойи сеюм гардиданд.
Инчунин Қурбонзода Моҳрӯ – омӯзгори МТМУ №13 сазовори Шоҳҷоизаи озмун гардид.
Дар охир ғолибони озмун аз ҷониби Раиси ноҳия бо Дипломҳои дараҷавӣ, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки 54 нафар ба даври вилоятӣ роҳхат пайдо намуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.