АШТ: Баргузории даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – ватани азизи ман”

 440 боздид

Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2021, №АП-42 “ Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2021” ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд имрӯз, санаи 21 июни соли равон, дар толори муассисаи давлатии вилоятии «Театри мусиқӣ – драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов» давраи ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — ватани азизи ман» баргузор гардид.
Дар озмун Рустамова Парвина муовини сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд, Юсупов Олим директори маркази илмӣ – методии Раёсати фарҳанги вилоят, Саидов Шарифҷон сармутахассиси маркази илмӣ – методии Раёсати фарҳанги вилоят ва Ҷалилӣ Аниса муовини Раиси ноҳия оид ба иҷтимоиёт ширкат варзиданд.
Дар озмун аз рӯи 3 номинатсия 45 нафар иштирок намуданд.
Максад аз баргузории озмуни мазкур ин сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди мусиқии нав, инчунин таълифи ашъори баландғояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон мебошад.
Натиҷаи озмун чунин аст:
Дар номинатсияи навозандагӣ аз синни 12 то 17 сола:
— ҷойи якум гурӯҳи доирадастони мактаби санъати бачагона аз рӯи жанри академӣ
— ҷойи дуюм Тоҷибоев Равшан
— ҷойи сеюм аз рӯи жанри анъанавӣ Мингбоев Шаҳзодбек
Аз 18 то 40 сола:
— ҷойи якум аз рӯи жанри анъанавӣ Юлдошев Саидҷон
— ҷойи дуюм Ҷураев Шамсиддин
Аз рӯи жанри эстрадӣ ҷойи якум Ғанибоев Ҷонибек
Дар номинатсияи оҳангсозӣ аз синни 18 то 40 сола:
— ҷойи якум аз рӯи жанри эстрадӣ Алиматов Руслан
Дар номинатсияи жанри сарояндагӣ аз синни 12 то 17 сола:
— ҷойи якум аз рӯи жанри академӣ Шодиева Моҳруза
— ҷойи дуюм Бобоҷонов Хуршед
Аз рӯи жанри анъанавӣ:
— ҷойи якум Ҳамроев Сардор
— ҷойи дуюм Ниматов Искандар
— ҷойи сеюм Норбоев Солиҷон
— ҷойи сеюм Абдуназаров Диловар
Аз рӯи жанри эстрадӣ:
— ҷойи якум Акрамқулова Дурахшон
— ҷойи якум Ёрматов Шаҳром
— ҷойи дуюм Абулқосимова Фаришта
Дар номинатсияи жанри сарояндагӣ аз синни 18 то 40 сола:
Аз рӯи жанри академӣ:
— ҷойи якум Исмоилов Ҷамшед
— ҷойи дуюм Каримов Салим
Аз рӯи жанри анъанавӣ:
— ҷойи якум Машарипов Достон
— ҷойи дуюм Назаров Шероз
— ҷойи сеюм Раҳматов Илҳом
Аз рӯи жанри эстрадӣ
— ҷойи якум Сатторов Дилмурод
— ҷойи якум Банопов Афзалшоҳ
— ҷойи дуюм Урмонов Суҳроб
— ҷойи сеюм Махкамов Шаҳбоз
Дар охир ба ғолибони озмун ва устодони довталабон сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Раиси ноҳия аз ҷониби муовини Раиси ноҳия ва намояндагони Раёсати фарҳанги вилоят тақдим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки 18 нафар ба даври вилоятӣ роҳхат пайдо намуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.