Субҳи имрӯз, санаи 8 июли соли 2021, дар толори муассисаи давлатии вилоятии «Театри мусиқӣ – драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов» иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум баргузор гардид.
Дар иҷлосия вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони Раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сардухтурони беморхонаҳои минтақавӣ ширкат варзиданд.
Дар кори иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъбаи сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Абдумаҷид Раҳимов иштирок карданд.
Кори иҷлосияро бо сухани ифтитоҳӣ Раиси ноҳия, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии Ҷ.Мӯминов №1, ҳусни оғоз бахшид.
Рӯзномаи зерини иҷлосия тасдиқ карда шуд:
1.Дар бораи таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2019, № АП -1176 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”.
2. Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, сиҳатии омма, муҳити зист, оила ва зан, маориф ва сиёсати давлатии ҷавонон.
3.Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Деҳқонова Ёдгорой Қурбоновна вакил аз ҳавзаи интихоботии Қароқазон №16 оид ба иҷрои ваколати вакилиаш.
4. Оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ.
5.Тасдиқи қарорҳои Раиси ноҳия.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома дар бораи таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2019, № АП -1176 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар ноҳия муовини Раиси ноҳия Ҷамшед Маҳмудзода баромад намуд.
Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, сиҳатии омма, муҳити зист, оила ва зан, маориф ва сиёсати давлатии ҷавонон вакил аз ҳавзаи интихоботии Қодир Расулзода, №2 Аниса Ҷалилӣ шунида шуд.
Аз рӯи масъалаи сеюми рӯзнома ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии Қароқазон, №16 Деҳқонова Ёдгорой Қурбоновна оид ба иҷрои ваколати вакилиаш шунида шуд.
Аз рӯи масъалаи чоруми рӯзнома “Оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ” муовини Раиси ноҳия, Раиси комиссияи номгузорӣ Аниса Ҷалилӣ баромад намуд.
Аз рӯи масъалаи панҷуми рӯзнома як қатор қарорҳои Раиси ноҳия аз 28 майи соли 2021 то 8 июли соли 2021, гузаронидани чорабиниҳои иҷтимоию фарҳангӣ, варзишӣ, ташкили фаъолияти самараноки муассисаҳои буҷавӣ маблағгузорӣ карда шудаанд, баррасӣ гардида, тасдиқ гардид.
Дар иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъбаи сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Абдумаҷид Раҳимов баромад карда, фикру андешаҳои худро оид ба минбаъд беҳтар намудани самтҳои сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва фаъолияти кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баён кард.
Дар охир Раиси ноҳия, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии Ҷ.Мӯминов, №1 бо сухани хотимавӣ баромад намуда, барои беҳтар кардани фаъолияти корӣ дар ҳамаи ҷабҳаҳои истеҳсолот ва сари вақт ба иҷро расонидани нақшаҳои пешбиникардашуда дар назди масъулини соҳаҳо вазифаҳои мушаххас гузошт.
Иҷлосия дар руҳияи якдигарфаҳмӣ, дарки ҳамаҷонибаи вазифаҳои дар пешистода ва бо иштироки фаъолонаи аҳли толор доир гардид.
Бо ҳамин иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум кори худро анҷом дод.