АШТ: Баргузории маҳфили илмию адабии “Адибони ваҳдатсаро” таҳти унвони “Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо…”

 307 боздид

Имрӯз, санаи 16 июни соли ҷорӣ дар маркази таҳсилоти иловагии ноҳия тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Раиси вилоят, Раиси Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода маҳфили илмию адабии “Адибони ваҳдатсаро” таҳти унвони “Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо…” бахшида ба 24 – умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ доир гардид.
Дар маҳфил намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Аъзам Ҳотамӣ — котиби масъули Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъияти ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Матлубаи Ёрмирзо – адибаи шинохтаи тоҷик, шоирону нависандагон, адибон, кормандони васоити ахбори омма, омӯзгорон, аъзоёни маҳфили адабии “Ворисони Маъдан”-и ноҳия ширкат варзиданд.
Дар баргузории маҳфил намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Аъзам Ҳотамӣ ба сухан баромада, оид ба Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, раванди созандагии давлат истода гузашт. Қайд кард, ки имрӯз мо бо итминони комил гуфта метавонем, ки ҳамаи ободиву осудагии Ватани маҳбубамон — Тоҷикистон меваҳои шаҳдбори Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ мебошанд.
Матлубаи Ёрмирзо – адибаи шинохтаи тоҷик зимни баромадаш қайд намуд, ки халқи тоҷик даҳшати ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, рӯзҳои сахту сангин ва ҳисороти гарони онро фаромӯш накардааст. Аз ин хотир, ҳамаи мо бояд беш аз ҳар вақти дигар ҳушёр бошем, шукронаи давлати соҳибистиқлол ва Ватани озоду соҳибихтиёрро ҳамеша ба ҷо орем, соҳиби Ватан буданро аз ҳар чизи дигар авлотар донем.
Аз ҷониби шоирону адибон ва нависандагони ноҳия оид ба ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу субот порчаҳои назмиву насрӣ ба аҳли иштирокдорон қироат намуданд.
Ҳамзамон, ду нафар иштирокчии озмуни вилоятии Иншои беҳтарин дар мавзӯи “Ваҳдат – сарчашмаи сулҳу субот ва оромии кишвар” Майнусова Манижа хонандаи синфи 11, МТМУ №48 ва Машарипова Зубайдамо хонандаи синфи 10, МТМУ №20, аз Ҷамоати деҳоти Понғоз бо Сипосномаи Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъияти ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Дар анҷоми маҳфил раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Мамадҷонов Зафар барои иштироки меҳмонон ва аҳли эҷоду қалам миннатдории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро расонид.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.