Ашт: Баргузории семинари омӯзишӣ бо мураббиён ва омӯзгорони тарбияи ҷисмонии муассисаҳои таълимии ноҳия

 283 боздид

Санаи 7 августи соли 2021, дар толори муассисаи давлатии мактаби варзишии №1-и Ҷамоати шаҳраки Шайдон семинари омӯзишӣ бо мураббиён ва омӯзгорони тарбияи ҷисмонии муассисаҳои таълимӣ ва ҷавонону наврасони ноҳия дар мавзӯи «Қоидаҳои бадминтон» баргузор гардид. Дар кори семинар Раиси Федератсияи Бадминтони Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯразода Кабирҷон, муовини Раиси Федератсия ва сармураббии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бадминтон Абдурахимов Алишер ва директори намояндагии Федератсияи Бадминтон дар виляти Суғд Ғаниев Муҳсин ширкат варзида, оид ба намуди бадминтон, қоидаҳои он ва усулҳои омӯзонидани ин намуди варзиш ба наврасону ҷавонон маълумоти муфассал дода шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.