АШТ: Баргузории вохӯрии судманд бо намояндагони Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 272 боздид

Тибқи нақшаи кории Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади банди 6 Низомномаи Маркази миллии қонунгузорӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2014, №228 ва нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бармеоянд, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 2021, №АП-39 тасдиқ шудаанд, имрӯз санаи 17 июни соли равон дар толори тарабхонаи “Роғун”- и Ҷамоати деҳоти Ашт вохӯрӣ бо сокинони ноҳия, бахусус намояндагони касбу кори гуногун ва ҷавонони ҷамоатҳои деҳоти Ашт, Ошоба, Ориён, Ифтихор ва Пунук доир ба фаҳмондадиҳии муқаррароти асосии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.
Дар вохӯрӣ намояндагони Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарифзода Умед Мирзомиддин сардори бахши таҳлили таъсири танзимкунӣ, Бобоев Фируз Абдунасимович сармутахассиси шуъбаи қонунгузории гражданӣ, соҳибкорӣ ва оилавии Марказ ва Абдураҳимзода Фаридун сармутахассиси шуъбаи қонунгузорӣ оид ба молия, андоз, гумрук ва фаъолияти бонкии Марказ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Инчунин дар вохӯрӣ кормандони масъули ҷамоатҳои деҳот, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, сарварони мауссисаҳои тандурустӣ, таълимӣ, соҳибкорон, якқатор роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, фаъолзанон ва ҷавонон ширкат варзиданд.
Дар охир иштирокдорони вохӯрӣ ба саволҳои худ оид ба масъалаҳои мубрами рӯз аз ҷониби намояндагони Маркази миллии қонунгузорӣ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.