Имрӯз санаи 14-уми марти соли равон роҳбарияти ноҳия Муҳаммадзода Шӯҳрат бо роҳбарон, аъзоёни ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия, роҳбарони сохторҳо, раисони ҷамоатҳо ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо барои тоза намудани зарари офати табиӣ, ки дар натиҷаи боришоти зиёди борон ба амал омадааст, дар Ҷамоати деҳоти Ориён машварати корӣ баргузор намуд.
Дар назди аъзоёни ситод ба раисони ҷамоатҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо дар муддатҳои кутоҳтарин тоза намудани мавзеи зарардидаи канали Шимолии Фарғона, роҳҳо, заминҳои наздиҳавлигӣ ва хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон супоришҳои мушаххас доданд.
Зеро дар натиҷаи боридани боришоти зиёд дар ноҳия меъёри оби сойҳои Пунук, Ашт ва Понғоз баланд гардида, ба хоҷагии халқи ноҳия зарар расонид.
Мавзеи канали пуршуда, қариб ба дарозии 1700 метр бо ҳаҷми 17000 ҳазор метри мукааб пур шудааст.
Корҳои тозакунӣ аз гилу лойқа дар мавзеъҳои номбурда бо сафарбарии техникаю автомашинаҳои боркаш оғоз карда шуданд. Ассосиатсияҳои истифодабарандагони об вазифадор карда шуданд, ки тамоми қувва ва техникаҳои дар хоҷагиҳои деҳқонӣ вуҷуддоштаро сафарбар намуда, ҳар рӯз бо ҷалби сокинону деҳқонон ҳашарҳо ташкил намоянд.
Роҳбарияти раёсати кишоварзии ноҳия ва идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия вазифадор карда шуданд, ки барои бартараф намудани офати табиӣ техникаҳои заруриро аз дигар ҷамоатҳо сафарбар намуда, барои таъмини онҳо бо сӯзишворӣ ва хӯроки гарми механизаторон чораҳо андешанд.
Таъкид карда шуд, ки барои ташкили самараноки кор дар мавзеи номбаршуда, ситоди шабонарӯзӣ ташкил намоянд ва оид ба иҷрои корҳо ҳар рӯз ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ахбор пешниҳод намоянд.