АШТ: БО ИШТИРОКИ РАИСИ НОҲИЯ РӮЗИ КОРМАНДОНИ МОЛИЯ ТАҶЛИЛ ГАРДИД.

 7 325 боздид

07.12.2022

   Ҳамасола дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ҳафтуми декабр Рӯзи кормандони мақомоти молия таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат дар ноҳияи Ашт чорабинии идона  доир гардид. Дар он Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода иштирок ва суханрони намуд.

“Имрӯзҳо Шумо кормандони Раёсати молия бо шукргузорӣ аз истиқлолияти Ватан, сиёсати Ҷаноби Олӣ барои боз ҳам афзун намудани дастовардҳо ва рушди бомароми соҳаи молия, ғанӣ гардонидани буҷети маҳаллӣ, саривақт маблағгузорӣ намудани соҳаҳои иҷтимоӣ ва иншоотҳои муҳими давлатӣ тамоми чораҳоро меандешед. Ба ҳар кадоми шумо иди касбӣ муборак бошад.”

     Сипас, ба  пешқадамони соҳа Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Раиси ноҳия дар вазъи тантанавӣ супорида шуд. Ходимони соҳаи молия бо шукргузорӣ аз сиёсати одилонаву оқилонаи Пешвои миллат ва  барои таваҷҷӯҳу  ғамхории комил ба Раиси ноҳия изҳори сипос намуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.