Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода ва Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода аз рафти ҷамъоварӣ ва содироти зардолу шинос гардиданд.
Бояд кайд намуд, ки дар ноҳия 20 ҳазор гектар боғи зардолу мавҷуд буда, аз он 570 гектар зардолуи пешпазак мебошад.
Инчунин, масъулини соҳа маълумот доданд, ки 5000 тонна зардолуи пешпазакро ба хориҷӣ кишвар содирот намоянд.
Боғдорон ба Сарвари давлат минатдорӣ намуда, қайд карданд, ки ҳар як ваҷаби заминро самаранок истифода бурда барои ду се ҳосил гирифтан кушиш менамоянд.
Хадамоти матбуотии Раиси ноҳия