АШТ: Боздиди Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Литсейи касбӣ – техникии №74

 395 боздид

Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2021, №АП-52 дар бораи муайян намудани сарпарастон аз ҳисоби масъулони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулони Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва рушди муассисаҳои давлатии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ субҳи имрӯз, санаи 15 июни соли равон, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло ва сардори Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд Зиёзода Фаррух Умар ба ноҳия ташриф оварданд.
Меҳмононро Раиси ноҳия Мирдадо Зариф пазироӣ ва ҳамроҳӣ намуданд.
Меҳмонон сараввал аз “Литсейи касбӣ – техникии №74” боздид намуда, аз шарту шароит, хониш ва буду боши хонандагону омӯзгорон аз наздик шинос шуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Инчунин ҷиҳати беҳтар намудани базаи моддӣ – техникӣ ва вусъат додани фаъолияти литсейи мазкур аз ҷониби роҳбарияти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як адад автомашинаи сабукрав, як адад микроавтобус ва 10 адад компютеру ноутбук туҳфа карда шуд.
Баъдан дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласа бо иштироки муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, роҳбарони сохторҳои тандурустӣ, муассисаҳои таълимӣ, ташкилоту идора, корхонаву муассисаҳо, директорони литсейҳои касбӣ-техникӣ, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор гардид, ки дар кори ҷаласа Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло ва Раиси ноҳия ширкат варзиданд.
Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромади хеш иброз доштанд, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф яке аз самтҳои калидии сиёсати иҷтимоии кишвар арзёбӣ гардида, Ҳукумати кишвар барои рушди он тамоми имконоти худро истифода мебарад.
Зеро, тамоми ҷаҳду талошҳо, ташаббусҳои созанда, эълон намудани 20-солаи фанҳои дақиқ ва як қатор озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ба хотири баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанг, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.
Роҳбарияти ноҳия ба сухан баромада аз дастгириҳои пайвастаи давлату ҳукумати мамлакат оид ба рушду тараққиёти литсейҳо ёдовар шуда, таъкид карданд, ки имрӯз мо марҳила ба марҳила ҳадафҳои стратегии давлатро бо сарҷамъиву муттаҳидӣ амалӣ намуда истодаем. Ҳадафи чоруми давлат, ки ба рушду нӯмуи кишвар нигаронида шудааст, ин саноатикунонии босуръати кишвар аст. Маҳз, Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбӣ-техникии рақами 74”-и ноҳияи Ашт мутахассисонро дар самти саноат омода намуда, ба соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия равона менамояд.
Саҳми ин боргоҳи ҳунар баҳри соҳибкасбу ҳунарманд намудани насли ҷавон хеле калон аст ва итминон дорем, маъмурият ва омӯзгорону мутахассисони ин муассиса дар фаъолияти минбаъдаи худ навовариҳои касбӣ эҷод намуда, тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри ҷалби наврасону ҷавонон ва азхудкунии касбҳои гуногуни ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ равона месозанд.


Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.