Бобати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз 8 – уми феврали соли равон, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, бо сафарӣ корӣ ба ноҳия ташриф оварданд.
Дар ин сафар муовини Сарвазири кишварро вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Каримзода Саъдӣ Ғаффор, муовини Раиси вилоят Мирдадо Зариф ва сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрии дар вилоят Абдуллозода Аминҷон ҳамроҳӣ намуданд.
Дар даромадгоҳи ноҳия меҳмононро Раиси ноҳия Муҳаммадзода Шӯҳрат истиқбол гирифта, ҳамроҳӣ намуданд.
Нахуст меҳмонон аз рафти корҳои таъмирӣ, лойқатозакунӣ ва омода намудани пойгоҳҳои обкашии АНС-1, АНС-2 ва АНС-3 ба мавсими навбатии кишту кор аз наздик шинос шуданд.
Муовини Сарвазири мамлакат ба масъулин ва сохторҳои марбутаи соҳавӣ ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муайяншуда ба итмом расонидани корҳои таъмирию лойқатозакунӣ супоришҳои мушаххас гузоштанд.
Баъдан ба боғи интенсивии навташкили хоҷагии деҳқонии “Ифтихор”-и Ҷамоати деҳоти Ошоба ташриф оварда, ба маъракаи ниҳолшинонӣ ширкат варзиданд.
Тибқи иттилои масъулин боғи интенсивии навташкил аз 7 гектар иборат буда, дар он 50 бех ниҳоли бодоми навъи “Нонпарель” (амрикоӣ), 2220 бех бодоми навъи “Ферадуель” (фаронсавӣ), 900 бех бодоми навъи “Ферагнесс” (фаронсавӣ), 320 бех гелоси навъи “Крупноплодия” (Россия), 50 бех гелоси навъи “Александрия” (Россия), 10 бех гелоси навъи “Ипуть” (Россия) ва 400 бех олуи навъи “Стенлей” (амрикоӣ) шинонида шуданд.
Дар охир меҳмонон аз рафти фаъолияти хоҷагии моҳипарварии ҶДММ “Рахшона “ боздид намуда, ҷиҳати боз ҳам зиёд истеҳсол намудани гӯшти моҳӣ ва ба ин васила таъмин намудани аҳолӣ бо гӯшти моҳӣ ва содироти он маслиҳатҳои муфид доданд.