Ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти ноҳия нимаи дуюми рӯзи 14 – уми марти соли равон ба Ҷамоати деҳоти Ошоба ташриф оварда, аз бунёди боғи нав, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Рӯзибоев Баҳодур дар талу теппаҳо ташкил карда шудааст, дидан намуда, дар ҳузури аъзоёни хоҷагии деҳқонӣ барои зиёд намудани боғи гелос навъи “Ошоба” маслиҳатҳои муфид дода, дар шинонидани гелос иштирок намуд. Ёдовар мешавем, ки боғи гелос 40 гектарро ташкил медиҳад.
Дар ҳудуди дигар ҷамоатҳои деҳот, ки дар онҳо заминҳои талу теппа вуҷуд доранд, барои самаранок истифода бурдани онҳо, нав кардани боғотҳои дарахтони мевадиҳандаи кӯҳна, корҳои азнавбарқароркунӣ идома доранд.