АШТ: Боздиди роҳбарияти ноҳия аз иншооти ҷашнӣ

 55 боздид

Cанаи 19 июни соли 2021, Раиси нохия Мирдадо Зариф аз рафти сохтмони Маркази фароғатӣ фарҳангии Ҷамоати деҳоти Пунук, ки аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Ҳалимов Ҳомидҷон сохта шуда истодааст, боздид намуд. Марказ дар асоси лоиҳаи сохтмонӣ аз ҳавзи шиноварӣ, катҳои дамгирӣ, ҳуҷраҳои либосивазкунӣ, ошхона, туйхона иборат мебошад. Марказ дар асоси лоиҳа ба маблағи 400 ҳазор сомонӣ омода карда шуда, дар марҳилаи якум ҳавзи шиноварӣ бо маблағи 250 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Ҳавзи шиноварӣ 27 метр дарозиаш, 12 метр бараш, ва чуқуриаш аз 1 метру 65 сантиметр то 2 метру 20 сантиметр бо оби чашмаи софу шаффоф пур карда шудааст. Ёдовар мешавем, ки иншооти ҷашнӣ дар арафаи 24 — солагии Ваҳдати миллӣ ба истифода дода мешавад.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.