Имрӯз, санаи 18 – уми ноябри соли равон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода оид ба саривақт омода намудани пайгоҳҳои обкашӣ ба мавсими навбатӣ Раиси ноҳия Зариф Мирдадо аз пойгоҳҳои обкашии Чумчуқҷар ва АНС — 1 дидан намуда, ба роҳбарияти идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия ҷиҳати дар мӯҳлатҳои муайяншуда омода намудан ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас доданд.